қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 505; с. 2003, № 12, мод. 683; с. 2004, № 7, мод. 455; с. 2005, № 3, мод. 127; с. 2008, № 3, мод. 190; № 12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, № 7, мод. 552; № 12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, № 6, мод. 443; с. 2012, № 4, мод. 255; № 7, мод. 716; № 12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, № 7, мод. 507; № 12, мод. 880), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 24:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «бемориҳои» калимаи «сил,» илова карда шавад;
- дар қисми 2 калимаи «бемории» ба калимаҳои «бемориҳои сил,» иваз карда шавад.
2. Ба қисми 5 моддаи 105 пас аз калимаҳои «аз қабули хӯрока» ва «истеъмоли хӯрока» мувофиқан калимаҳои «ва доруворӣ тибқи таъиноти духтур» ва «ва доруворӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1230
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2015, № 152
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 117
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 505; с.2003, № 12, мод. 683; с. 2004, № 7, мод. 455; с. 2005, № 3, мод.127; с.2008, № 3, мод.190, №12, қ.1, мод. 987; с.2010, № 7, мод. 552, № 12, қ.1, мод. 810; с. 2011, № 6, мод. 443; с. 2012, № 4, мод. 255, № 7, мод. 716, № 12, қ.1, мод. 1018; с. 2013, № 7, мод. 507, № 12, мод. 880), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 7 моддаи 16 калимаҳои «ва дигар ашхоси дорои чунин ҳуқуқи хизматрасонӣ дошта» хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисми 4 моддаи 24 калимаҳои «инфексияи ВИЧ» ба калимаҳои «вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» иваз карда шаванд.
3. Дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 61 калимаи «тандурустии» ба калимаҳои «тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии» иваз карда шавад.
4. Дар қисми 3 моддаи 74 калимаҳои «инфектсияи ВИЧ» ба калимаҳои «вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 75 калимаи «иҷозатномаи» ба калимаи «иҷозати» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 78:
- дар қисми 5 калимаи «тандурустии» ба калимаҳои «тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии» иваз карда шавад;
- дар қисми 7 калимаҳои «инфексияи ВИЧ» ба калимаҳои «вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» иваз карда шаванд.
7. Дар банди б) моддаи 81 калимаи «иҷозатномаи» ба калимаи «иҷозати» иваз карда шавад.
8. Аз қисми 5 моддаи 91 калимаҳои «ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ доранд,» хориҷ карда шаванд.
9. Дар банди з) қисми 1 моддаи 100 калимаҳои «инфексияи ВИЧ» ба калимаҳои «вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 105:
- дар қисми 2 калимаҳои «инфексияи ВИЧ» ба калимаҳои «вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои «тандурустӣ» ва «тандурустии» мувофиқан ба калимаҳои «тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ва «тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 4 моддаи 113 калимаҳои «ва ҳифзи иҷтимоии» ба калимаҳои «, муҳоҷират ва шуғли аҳолии» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 6 моддаи 117 калимаи «маорифи» ба калимаҳои «маориф ва илми» иваз карда шавад.
13. Аз қисми 4 моддаи 172 калимаҳои «ва дигар ашхосе, ки барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҳақ доранд,» хориҷ карда шаванд.
14. Дар қисми 1 моддаи 199 калимаи «иқтисод» ба калимаҳои «рушди иқтисод» иваз карда шавад.
15. Аз банди а) қисми 2 моддаи 215 калимаҳои «ва дигар ашхосе, ки барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҳақ доранд,» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур
Муқаррароти қисмҳои 1, 8, 13 ва 15 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 27 марти соли 2016 ва қисмҳои 2 - 7, 9 - 12 ва 14 моддаи 1 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1231
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 178
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 118
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.15 №: 235-236 Мутолиа карданд: 3084