қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ
ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, № 7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7 - 8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142, № 11, мод. 643), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 1 моддаи 49 калимаҳои «ё шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома дорад,» хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисми 3 моддаи 51 калимаҳои «коллегияи касбии адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор» ба калимаҳои «Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
3. Ба қисми 7 моддаи 161 пас аз рақами «260,» рақами «2601,» илова карда шавад.
4. Ба сархати сеюми қисми 4 моддаи 392 пас аз калимаи «бемориҳои» калимаҳои «сил ё» илова карда шаванд.
5. Ба моддаи 396 пас аз калимаи «равонпизишкӣ» калимаҳои «ё бемориҳои сил» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 27 марти соли 2016 ва қисмҳои 3 - 5 моддаи 1 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1229
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 180
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 116
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.15 №: 235-236 Мутолиа карданд: 3307