маориф
КОМЁБИИ МУҲАССИЛИНИ ТОҶИК ДАР ТАИЛАНД
Чанде пеш дар пойтахти Таиланд - шаҳри Бангкок Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он аз 20 кишвари ҷаҳон 300 нафар наврас ширкат варзиданд. Аз ҷумҳурии мо низ 12 нафар дар ин олимпиада ширкат намуда, соҳиби 7 медал шуданд. Хонандаи синфи 7 - уми Гимназия - интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва ПВ” Далер Пиров миёни намояндагони кишвар аз ҳама нишондиҳандаи баланд ба даст оварда, сазовори медали нуқра гардид. Аз ин муассисаи таълимӣ, инчунин Умедҷон Икромов, Шоҳрух Исоматов, Глеб Петухов ва Бахтовар Ҳотамов медали биринҷӣ гирифтанд. Дар маҷмӯъ, кишвари мо бо 1 медали нуқраву 6 медали биринҷӣ дар ҳисоби даставӣ ҷои 10-умро ишғол намуд.
- Олимпиада дар се давра доир гашт, - гуфт дорандаи медали нуқра Далер Пиров. – Дар даври якум барои ҷавоб ба ҳар савол ҳамагӣ 2 дақиқаву 50 сония ҷудо гардид. Дар даври дуюм барои ҳалли 13 мисолу масъала якуним соат ва дар даври сеюм, ки аз 6 мисоли мураккаб иборат буд, 2 соат ҷудо намуданд. Ба ҳар ҷавоби мо доварон хол мегузоштанд. Ман аз нафаре, ки ҷои якумро ишғол намуд, ҳамагӣ 8 хол кам гирифтам.
Бо вуҷуди он ки намояндагони мамлакат бори нахуст дар чунин олимпиадаи бонуфуз иштирок намуданд, ба нишондиҳандаи хуб ноил гаштанд. Саволу ҷавоб ба забони англисӣ буд. Аз ин рӯ, ба иштирокчиён лозим меомад, ки дар баробари математика бояд забони англисиро низ хуб медонистанд.
Муаллимаи фанни математикаи Гимназия – интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва ПВ”, омӯзгори дараҷаи олӣ Галина Обидова мегӯяд, ки Далер Пиров дар баробари аълохон будан боодоб, эҷодкор ва дорои ҷаҳонбинии васеъ мебошад. “Бачагони ин синф аҳлу тифоқанд. Се ҳамсинфи Далер - Шоҳрух Исоматов, Глеб Петухов ва Умед Икромов дар ин олимпиада иштирок доштанд, на танҳо фанни математика, балки дигар фанҳоро низ хуб медонанд”, мегӯяд Г. Обидова.
Боиси хушнудист, ки ин наврасон шарафи кишварро ҳимоя карда, бо ифтихор Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, барои ҳавасмандкунии ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ сарпараст ёфта, хотири онҳоро бо туҳфаҳо шод мегардонид. Зеро дар баробари варзишгарон ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ низ обрӯю эътибори кишварро берун аз ҷумҳурӣ баланд мебардоранд.
С. СУННАТӢ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.15 №: 237 Мутолиа карданд: 5476