президент
Дар машварат оид ба
бартарафсозии оқибатҳои
офати табиат сухан рафт
18 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои шадиди табиӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқу захираҳои обӣ, иҷрои нишондодҳои барқияи Сардори давлат оид ба истифодаи аксҳои Президенти мамлакат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ шуданд.
Оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои шадиди табиат дар вилояти Хатлон раиси вилоят Ғайбулло Авзал ва дигар шахсони масъул гузориш доданд. Зикр гардид, ки танҳо дар ноҳияи Хуросон 148 хона пурра ва 127 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Тибқи гузоришҳо, дар якчанд шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ баъзе хонаҳои истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар зиёда аз 15 ҳазор гектар замин кишти зироатҳо зарар дидааст. Дар 10 ҳазор гектар заминҳои зарардида аллакай дубора пахта ва дигар зироатҳо кишт карда шудаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул қотеъона супориш дод, ки барои оилаҳои аз боришоти борони зиёд ва омадани селу лойқа бехонамонда дар ҷойҳои бехавф манзилҳои нави истиқоматӣ сохта дода шаванд. Таъкид гардид, ки онҳо то 6 - уми ноябри соли равон бояд вориди хонаҳои нав шаванд. Ҳамчунин баҳри таъмини онҳо бо ҷойи зисти муваққатии дорои ашёи рӯзгор ва шароити зарурии тиббию санитарӣ, таъминот бо хӯрока ва оби нӯшокӣ ва одилона тақсим намудани қарзи имтиёзноку кӯмакпулиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағу ашёи дигари ёрии башардӯстона супоришҳои қатъӣ дода шуд. Роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки кӯдакони оилаҳои зарардидаро дар лагерҳои тобистона ва мавзеъҳои дигари фароғатӣ ҷой диҳанд.
Оид ба хисороти расондаи офатҳои табиат ва рафти бартарафсозии оқибатҳои онҳо ҳамчунин раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гузориш доданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси ноҳияи Рашт Маҳмадшариф Толибов ва дигар шахсони масъул ҳамчунин оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки баъди сафарҳои Президенти мамлакат ба ин минтақаҳо таҳия гашта буданд, гузориш доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки сохтмони иншооти сершумор дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт бо суръат ва сифати баланд идома дорад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба гузарондани кишти саривақтии картошка ва дигар зироатҳо ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дастурҳои қатъӣ ҳамчунин оид ба кам кардани талафоти нерӯи барқ, аз ҷумла тавассути таъмини аҳолии камбизоат бо фурӯзандаҳои каммасраф ва пурра гузаштан ба истифодаи онҳо дода шуд.
Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки мутобиқи талаботи барқияи махсуси телефонии Сардори давлат истифодаи аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба низом дароварда, ба корҳои худнамоӣ аз ҷониби мансабдорон роҳ надиҳанд.
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3869