ҳукумат
ИТТИЛОИЯ
27 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011 - 2015» шунида шуд.
Дар Тоҷикистони 93 дарсадаш кӯҳистон наздики 1250 рӯду дарё ба дарозии умумии 30 ҳазор км мавҷуд аст, ки аксари онҳо дар баробари судбахшӣ ҳамчунин хатароваранд. Ҳар сол дар фаслҳои баҳору тобистон бар асари боришот ва обшавии барфу пиряхҳо, селу обхезӣ ва ярч хисороти зиёд меоваранд. Барои пешгирӣ аз зарари обхезӣ дар соҳили рӯду дарёҳо 1386 км бандҳои муҳофизатӣ ва 710 адад селпарто бунёд ёфтааст, ки ба таври зарурӣ нигоҳ доштани онҳо хароҷоти зиёд талаб мекунад, зеро ҳар сол онҳо бар асари офатҳои шадиди табиӣ осеб мебинанд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон дар як сол ба ҳисоби миёна то 70 маротиба сел меояд.
Тибқи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015”, ки ҷудо намудани 275 миллиону 700 ҳазор сомониро дар назар дорад, дар солҳои 2011-2014 ва 6 моҳи соли 2015 бо харҷи беш аз 210 миллион сомонӣ ба масофаи умумии қариб 82,5 км бандҳои муҳофизатӣ дар соҳили рӯду дарёҳо сохта ва барқарор шуда, корҳои зиёди дигар низ ба сомон расидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодасозии лоиҳаю нақшаҳои асоснок барои пешгирии оқибатҳои селу обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Дар идомаи маҷлис Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 тасдиқ гардид.
Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2017 дар мамлакат бояд 302 ҳазору 300 ҷойи нави корӣ таъсис ёбад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонунҳо “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” ва ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда дар ҳолати қабул шудани он минбаъд арӯсу домод пеш аз хонадоршавӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои филизҳои нодир барои солҳои 2016-2026 ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Мурғоб ва ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016 - 2020 тасдиқ шуданд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиронро ба масъалаҳои вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва муайян намудани вазифаҳои асосӣ барои соли 2016, ба поён расондани кишту кори тирамоҳӣ, захирасозии тухмиҳои хушсифат барои кишту кори баҳорӣ, афзудани масоҳати кишти сабзавоти барвақтӣ ҷалб намуда, дар назди масъулон доир ба ҷоннок кардани корҳо ва бартарафсозии камбудию нуқсонҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои муосир ба мисли терроризму ифротгароӣ ва хурофоту таассуби динӣ, аз ҷумла амалҳои террористии моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон рухдода таъкид гардид, ки ҳар як аъзои Ҳукумати мамлакат, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар пайваста бояд ҳушёру зирак бошанд ва дар таъмини амну субот ва ҳаёти осоиштаи мардум фаъолона саҳм гиранд.
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.11.15 №: 238 Мутолиа карданд: 16420