logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҲОШИЯИ КОНФРОНС

Шоми 29 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби раиси ширкати «Аэробус» (Airbus) Силвер Дэлонэро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаи нақлиёт табодули андеша шуд.
Ширкати фаронсавии «Аэробус» тайёраҳо ва чархболҳои гуногуни мусофирбар, боркаш ва ҳарбӣ истеҳсол менамояд.

 


Ҳамчунин дар ин шом дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия дар ҳошияи Конфронси 21 - уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби аввали Президенти ширкати «Тотал» Майкл Боррел мулоқот кард, ки дар ҷараёни он масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкат баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба имкони фарохи ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он ибрози андеша кард.
Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд.
Инчунин, оид ба имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

www.president.tj

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.15    №: 239    Мутолиа карданд: 3633
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед