порлумон
БАРРАСИИ ЛОИҲАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
7 декабр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» баррасӣ ва ба иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум, ки имрӯз доир хоҳад гашт, пешниҳод шуд.
Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, зимни баррасии лоиҳаи қонун тазаккур дод, ки он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳия ва пешниҳод гардидааст. Бино ба иттилои Абдураҳим Холиқзода, ин лоиҳа аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро низ мавриди баррасӣ қарор дод.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.12.2015 №: 245 Мутолиа карданд: 6164