мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НАТАЛЯ ХАНЖЕНКОВА
8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори идоракунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Туркия ва Осиёи Марказӣ хонум Наталя Ханженковаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки аврупоӣ баррасӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро омили муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ арзёбӣ намуда, аз дастгирии доимии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва бонкҳои тиҷоратӣ изҳори қаноат кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро дар бахшҳои инфрасохтор, обтаъминкунӣ, низоми бонкдорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ва проблемаҳои дорои хислати минтақавӣ баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот инчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир баррасӣ гардида, доир ба иштироки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои зербинои минтақавӣ оид ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, неругоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқии "CASA-1000", гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.12.2015 №: 245 Мутолиа карданд: 2912