барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛӢ БА ИЛҲОМ АЛИЕВ
7 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи тасаллӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Хабари сӯхтор дар платформаи нафти «Гюнешли» дар баҳри Хазар, ки боиси талафоти одамон гардид, моро андуҳгин кард.
Хоҳишмандам, ҷаноби Президент, тасаллои самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, изҳори ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.12.2015 №: 245 Мутолиа карданд: 10226