logo

илм

ИМЛОСОЗӢ ВА НАВИШТИ ИСТИЛОҲОТ

Масъалаи покизагии забон, риояи дастур (грамматика), номгузорӣ ва дигар масъалаҳои мавриди баҳсҳои забонӣ дар саҳифаҳои ин рӯзнома ҷои асосиро ишғол менамояд. Масъулон дар чанд шумораи он қоидаҳои дастурии забонро чоп карда, дар ҳафт шумора таҳти унвони «Муҷмале дар хусуси забон» атрофи чигунагии забон домони баҳс мекушоянд. Аз ҷумла, дар шумораи сеюм дар мақолае менависанд: «Ҳанӯз шумораи аввали «Бухорои шариф» - ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён ҳозир шуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд: ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст. Рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст». Дар саҳифаҳои ин нашрия чандин номаи бетаҳрир ба қавли худи рӯзнома «айнан бидуни ислоҳ ва тағйир» оид ба номгузории забон, хусусиятҳои ҳамагонӣ ва маҳаллии он, сифати забонии мақолаҳо чоп ва дар ин бора ақидаву назарҳои гуногун пешниҳод мешавад. Вале натиҷагирии худи муҳаррирони рӯзнома хеле муҳим аст, ки аз ҷумла ваҳдати забонии моро дастгирӣ намуда менависанд: «… риштаи қавмият бо ҳам омехта шуда, яке ба исми дарӣ, дигаре ба исми форсӣ, дигаре бо номи тоҷикӣ ҷудо шудаанд… тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задану сухан гуфтани худашонро тобеи навиштану китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеи ҳарф задани авоми нос намоянд».
Вале, тавре ки баъдан дар намунаи сиёсати забонии солҳои сиюм мебинем, коршиносону мутахассисони ба ном забондони мо маҳз ҳамин роҳи дувум, яъне роҳи тобеъ кардани навиштаҳои худро «ба ҳарф задани авоми нос» интихоб намудаанд.
Сабку услуби рӯзномаи «Бухорои шариф» дар рӯзномаҳои баъдии матбуоти тоҷикии солҳои бистуми садаи бист то охири солҳои бистум ва аниқтараш то иваз гардидани алифбои арабиасоси тоҷикӣ ба алифбои лотинӣ идома ёфт ва дар ин давра истилоҳҳои инқилобие ба монанди нозир ба маънии вазир, фирқа ба маънои ҳизб, иштирокиюн ба маънои коммунистӣ, аксариюн ба маънои болшевикҳо пайдо шуданд, ки дар асоси меъёрҳои дастурии забони мо истифода мешуданд. 
Давраи дувуми такомули истилоҳот аз ибтидои солҳои сиюм оғоз гардида, тахминан то авохири солҳои ҳаштодум идома ёфтааст. Фаъолияти аввалин Кумитаи истилоҳот (1933), Комитети марказии алифбои нав ва терминология ва комиссияи луғат ва терминология дар ҳамин давра боис шуд, ки дар сиёсати истилоҳсозӣ низ иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ ёбад ва аз усулҳои илмии истилоҳгузинӣ сарфи назар шавад. Хусусиятҳои ин давра чунинанд:
а) аз назар дур афтидани меъёрҳои илмӣ дар истилоҳофаринӣ ва ба доми сиёсат кашидани илм ва ба ҳамин тариқ ҳазар кардан аз вожаҳои ноби тоҷикӣ таҳти ниқоби тоза кардани забон аз унсурҳои куҳнаи феодалӣ ва ба омма наздик кардани забон. Аз ҷумла, дар «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ», ки соли 1936 мураттаб шудааст, таъкид меша­вад: «Бо даровардани калимаҳои бегонае, ки ба оммаи меҳнаткашон номафҳум буда, маънои сиёсии терминро гум мекунад ва мафкураи буржуазӣ - кулакиро ифода менамояд, муборизаи қатъӣ бурда мешавад»;
б) табдили алифбо аввал ба лотинӣ ва сипас ба кириллӣ ба такомули истилоҳоти забони тоҷикӣ бетаъсир намонд;
в) ҳамгунсозии истилоҳоти халқҳои Шӯравӣ ва русику­нонии он. Ин протсес ҳам дар такомули истилоҳоти илмӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳам ба имлои забон таъсири сахт расонд. Дар андак муддат таркиби истилоҳоти забон аз сабаби лузуми онҳо барои ташвиқу тарғиби сохти Шӯравӣ ва дастовардҳои он саросар тағйир ёфта ва ба ҷои истилоҳоти хоси тоҷикӣ истилоҳоти русиву ғарбии дорои мафҳумҳои инқилобӣ ба истифода даромаданд. Истилоҳҳое аз қабили пролетариат, установка, совещание, термин, терминология, совет, партия, политика, экономика, союзи советӣ, кризис, револютсия, участка, счет, разнарядка, тройка паси ҳам ба забони тоҷикӣ ворид шуданд;
г) риоя нагардидани имло ва хусусиятҳои овозии забони тоҷикӣ дар истеъмоли вожаҳои русиву ғарбӣ. Ҳатто ин хилофкорӣ аз тарафи татбиқгарон русикунонии истилоҳот расмӣ қонунӣ карда шуд. Дар «Установка» омадааст: «Ҳамаи терминҳои интернатсионалӣ ва советии аз русӣ ва ба воситаи русӣ даромадагӣ ба шакли русиаш риоя карда қабул карда шавад».
Барои намуна ба саҳифаҳои маҷаллаи «Раҳбари дониш» соли 1929 назар меандозем. Дар шумораи аввали маҷаллаи «Раҳбари дониш» мақолае бо номи «Алифбои нав» чоп шудааст, ки дар бораи натиҷаҳои нахустин конференсияҳои лотинии тоҷикӣ хабар медиҳад. Бояд гуфт, ки тағйири алифбо ҳам дар он замон яке аз силоҳҳои сохтмони низоми нав ҳисоб мегардид. Аз ҷумла, дар аввал гуфта мешавад: «Ба сохтмони васеи маданӣ даромадан ва дар ин фронти муҳим ғалаба намудан фақат дар замоне мумкин аст, ки оммаи васеи меҳнаткашони Тоҷикистон бевосита ба сохтмон ҷалб шуда ва дар ин роҳ иштирок намоянд ва дар ин ҷо масъалаи лотинонидани алифбои куҳнаи араб роли калонро бозӣ менамояд». Дар ин матн корбурди чанд вожа аз дигаргун шудани вазъи сабку услуб ва забони навиштаҳо хабар медиҳад. Аввалан, истифодаи вожаҳои иқтибосии фронт ба ҷои ҷабҳа, рол ба ҷои нақш ё аҳамият нишон медиҳад, ки ба забони матбуоти кишвар оҳиста - оҳиста калимаҳои ба ном «советӣ - интернатсионалӣ» бештар ворид мешаванд, ки аз нуқтаи назари назариясозони замони Шӯравӣ яке аз роҳҳои асосии ғаномандии таркиби луғавии забон ҳисоб мешуд. Корбурди вожаи меҳнаткаш ҳам яке аз хусусиятҳои вожасозии ин давра мебошад. То ибтидои солҳои бисти садаи ХХ ва нисбатан баъдтар ҳам дар забони тоҷикӣ вожаи ранҷбар ба таври васеъ истифода мегардид, ки мо инро дар намунаи тарҷумаи истилоҳи русии пролетарий дар матбуоти ин давра мебинем. Минбаъд ҷойи ин вожаи асили тоҷикиро дар забони матбуоти мо вожаҳои сохтаи меҳнаткаш (маънои аслиаш, азияткаш, заҷркаш) ва вожаи русӣ - аврупоии пролетарий ишғол мекунад. Дар ин матн боз як вожаи аҷиби дигар вомехӯрад, ки он лотинонидан мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки ин тарзи калимасозӣ аз ҳамин давра ба қавле муд мешавад ва баъдан ин тарзи «сохта» - и калимасозӣ дар шаклҳои электронидан, коллективонидан ва ғайра аз тарафи бархе аз муҳаққиқони забоншинос ҳамчун хусусияти хоси имкониятҳои вожасозии забони мо қаламдод гардид.
Дар ҳамин матн истилоҳҳои навомади раён – район - ноҳия, кружок – маҳфил, комиссариёт – комиссариат - вазорат, аппарат - дастгоҳ дучор мешаванд, ки онҳо акнун оҳиста - оҳиста ба таркиби луғавии забони мо дохил шуда истодаанд. Ҳанӯз аз вожаҳои партия, совет, коммунизм, коммунист, партком, экономика, политика дарак нест. Ба ҷои онҳо вожаҳои фирқа - партия, (ташкилотҳои фирқавӣ) шӯро - совет (шӯройи шаҳр ва қишлоқ), иҷтимоӣ - сотсиалистӣ ва ғайра ҳанӯз корбурд доранд: «Гуфтан лозим аст, ки ин китоби луғат дар тоҷикӣ кардани аппарати давлатии Ҷумҳурии Иҷтимоии Шӯроии Мухтори Тоҷикистон ҳам роли қатъиро бозӣ менамояд».
Ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ тибқи сиёсати рӯз забони мо зери таъсири сиёсати навсозии забон, гузариш ба алифбои лотинӣ, зери фишори сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Ин навсозии забони адабӣ, ки то ибтидои солҳои 40 - уми садаи ХХ идома ёфт, аввал зери таъсири тағйири алифбои халқҳои туркзабон ба алифбои лотинӣ дар Тоҷикистон ҳам ба тағйири алифбо ва сипас аз соли 1938 зери таъсири сохтмони сотсиализм дар як кишвари ҷаҳон ва афзоиш ёфтани сиёсати марказгароӣ ба иваз шудани алифбои лотинӣ ба алифбои кириллӣ (май - сентябри соли 1940) овард. Дар ин давраи кӯтоҳ дар Тоҷикистон барои навсозии забони адабӣ ва мувофиқ кардани он ба шароити нави сиёсӣ - иҷтимоӣ якчанд комиссияву кенгошу анҷуманҳои забоншиносон ва фарҳангиён гузаронда шуда, ду санади меъёрӣ - «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (1936) ва Фармони № 1 комиссари халқии маорифи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» (1939) қабул шуд. Ин ду санади меъёрӣ барои сарнавишти забони модарии мо таъсири бунёдӣ дошта, ба тағйирот ва дигаргуниҳои ҷиддӣ дар овошиносӣ, вожашиносӣ ва умуман сохтори дастурии забон асос гузошт ва бисёре аз фарқиятҳои сунъӣ ва сохтае, ки байни се гунаи забонии мо (Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон) дида мешавад, бештари бештар аз ҳамин ду санади меъёрӣ сарчашма мегиранд. Санади меъёрии аввал бо номи «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» соли 1936 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» бори аввал чоп шудааст. Дар ин мақола ба таври комил оид ба хусусиятҳои ин санади меъёрӣ маълумот додан ғайриимкон аст, вале ба таври намуна чанд вожаеро, ки аз тарафи таҳиягарони ин санад, ҳамчун вожаҳое, ки хусусиятҳои «миллатчигии маҳаллӣ», «мафкураи буржуазӣ - кулакӣ» «бо роҳи сунъӣ сохта шудааст» - ро доранд ва ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, меорем ва қазовату баҳогузориро ба худи хонандагон ҳавола мекунем. Ин вожаҳо иштирокиюн ба маънои «коммунист», моддият ба маънои «материализм», худҷӯш - «самовар», пешоҳанг – «пионер», кимиё - «химия», ҷаҳонгирӣ - «империализм», сарнишин - «пассажир», сарборӣ - «нагрузка», маърака - «компания» ва чандин калимаҳои дигар мебошанд.  (№ 2 соли 2010, маҷ. «Забоншиносӣ», ки баъди се шумора чопи минбаъдаи он ҳам ба таъхир афтодааст, чоп шудааст) .
Барои намуна дар матни кӯтоҳи «Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон» аз 15 - уми марти соли 1935, ки рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» чоп кардааст, вожаҳои русӣ - интернатсионалиро ба таври фаровон дидан мумкин аст. Дар ин матни кӯтоҳ истилоҳоти русӣ - интернатсионалии терминология - истилоҳот, совет - шӯро, состав - ҳайат, функсия - вазифа, смета - харҷнома, баровард, шахси юридикӣ - шахси ҳуқуқӣ, бланк - сарбарг, истифода шудааст. Нуктаи ҷолиби дигар тағйир ёфтани тарзи талаффузи ин истилоҳот мебошад. Ҳарчанд дар ҳамин матн ҳоло телегроф ба ҷойи телеграф, кумита ба ҷои комитет (дар як ҷо комитет ҳам истифода шудааст) омадааст, баъд аз қабули «Установка» дигар аз меъёрҳои табиӣ ва дурусти илми овошиносӣ (ба меъёрҳои савтӣ ва талаффузи забон мувофиқ шудани калимаҳои иқтибосӣ) дар истифодаи вожаҳо ва истилоҳоти иқтибосии русиву аврупоӣ сарфи назар мешавад ва мувофиқи талаботи нав онҳо бо тарзи талаффузи русӣ айнан оварда мешаванд. Як мисол аз ҳамин шумораи «Тоҷикистони Сурх» аз мақолаи кӯтоҳе бо номи «Алим Обидов ин гуна «тарбия» ёфтааст»: «Дар байни студентони Институти педагогии ш. Сталинобод прогулчигӣ ва беинтизомӣ давом мекунад… Талабаи институти педагогӣ ва талабаи курси III рабфак Алим Обидов бисёр вақтҳо вақти худро дар бозорҳо мегузаронад. Ӯ бисёр вақтҳо аз дарс прогул мекунад… Инчунин талабаи курси якуми педагогикаи Институт Соттӣ Бобидов ҳам дар байни 2 моҳи охир аз дарсҳо 120 соат прогул кардааст». Дар ин намунаи кӯтоҳ, тавре мушоҳида мекунед, вожаҳои студент - донишҷӯ, институт - донишкада, рабфак - факултети коргарӣ, прогул - ғайриҳозирӣ дар забони матбуоти мо мақоми расмӣ пайдо кардааст. Дар ин маврид як нуктаи асосиро, ки дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо оид ба навсозии забони адабӣ ба гардиши куллӣ овардааст, хотирнишон менамоем. Бояд гуфт, ки то қабули «Установка» баҳсу мунозираҳо оид ба чигунагии навсозии забони адабӣ ба фоидаи сиёсати рӯз ҳал гардида буд ва гурӯҳҳои «миллатчигии маҳаллӣ» ва «мафкураи буржуазӣ - кулакӣ» ба шикаст рӯ ба рӯ шуд ва барои ба таври айнӣ ва бетағйир ворид гардидани вожаҳои иқтибосӣ роҳи васеъ кушода шуд. Аз тарафи дигар, дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон то ибтидои солҳои 30 - юми садаи ХХ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва бахши бештари аҳолӣ, махсусан босаводону рӯҳониён, бар асари ин ҷанг ва таъқиби онҳо аз тарафи гурӯҳҳои ба ном «тройка», ки рӯйхати махсуси рӯҳониён ва муллобачаҳоро аз тарафи ҷадидони пантуркист дастрас карда буданд, аз кишвар муҳоҷир шуда буданд ва дар ин баҳсу мунозираҳо ширкат надоштанд ва фикру ақидаи онҳо дастрас нагардидааст.
Санади дувуме, ки дар сарнавишти забони модарии мо,   дар охири солҳои 30 - юм ва ибтидои солҳои 40 - ум нақши муҳим дошт ва минбаъд дар муддати мавҷудияти Ҳукумати Шӯравии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи забон ва махсусан бахши вожагонии он таъсири амиқ гузошт, фармони Комиссариати Халқии маорифи РСС Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 1939 «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» буд. Он аз се қисм-қисми «Масъалаҳои грамматика», «Дар бораи масъалаҳои терминологияи забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ» иборат буда, дар матни фармон вазифаҳо чунин муайян шудааст. «Ин чорабиниҳо ба барҳам додани архаизмҳо, арабизмҳо ва эронизмҳо дар забони тоҷикӣ ба барҳам додани ҷудоии сунъии байни забони адабӣ ва забони зиндаи гуфтугӯӣ, ба забони тоҷикӣ ҷорӣ кардани шаклҳои зиндаи забон ва советизмҳо равона карда шудаанд». Дар ин санади меъёрӣ, ки иҷрои он барои ҳама ҳатмӣ буд, аз забон баровардани пасоянди - ро ва ба ҷои он истифода кардани шакли гуфтугӯии - а, - я (Ин китоба хондан (амон) даркор (лозим, зарур), аз корбурди шакли пешоянди би - дар феълҳо даст кашидан («Мо метавонем бигӯем» не, балки «Мо метавонем гӯем»), расмӣ кардани шаклҳои туркии ҷумласозӣ (истеъмоли сохти – «ман нарафтанба (нарафтани ман ба) ту хафа шудӣ? Ин Аҳмада китобаш» ҳам дуруст ҳисоб карда шавад»,) ҷамъбандиҳои нодурусти моҳо, моён, шумоён, шумоҳо, (Моҳо мехонем, моён мехонем) бисёри дигар аз қоидаҳои сохтаву сунъӣ ва аз лиҳози меъёри дастурии забон нодурусту хато ба сари забони мо бор карда шуд. 
Азбаски ин санад дар шакли фармон чоп шуда буд, дигар дар тамоми муддати ба баррасиву муҳокима гузоштани он ин сабк риоя гардид ва баъд аз қабули алифбои кириллӣ дар моҳҳои май - сентябри соли 1940 ин санад асоси меъёрии ҳам дастур ва ҳам имлои забони мо гардид. Баъзе аз хусусиятҳои он ба монанди тарзи ҷумлабандии «Аҳмада китобаш» ва истифодаи - а - я ба ҷои пасоянди -ро баъдан аз тарафи устод С. Айнӣ мавриди накӯҳиши сахт қарор гирифт. Инак, як намуна аз мақолаи М. И. Бобоев «Доир ба масъалаҳои забони адабии тоҷик», ки дар шумораи 12 - уми майи соли 1939 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» чоп шудааст: бандаки «ро» як чизи сунъӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб ин бандак албатта партофта шуда, ба ҷойи вай бандаки зиндаи - а - я гирифта шуданаш лозим… Орфографияи мо бояд, ки тағйироти дар забони зинда содир шудагия ва тенденсияи тараққиёти забона акс кунонда истад…». Ин ҷараён дар забони матбуоти кишвар то нимаи аввали солҳои 50-уми садаи ХХ идома пайдо кард ва бо оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба забони матбуот ҳазорон вожаву истилоҳоти ҳарбии русӣ низ ворид гардид. Баъди ба чоп расидани асари И. В. Сталин «Марксизм ва масъалаи забоншиносӣ» ва махсусан мақолаи устод С. Айнӣ «Оид ба вазъи забоншиносии тоҷик» (маҷаллаи «Шарқи Сурх», № 6, 1952, с. 3 - 8), ки дар он аз тарафи ӯ баъзе масъалаҳои имлои забон зери интиқоди шадид қарор гирифт, дар забони матбуоти тоҷик низ оҳиста - оҳиста баъзе дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Вале ҳамоно матбуоти тоҷик зери фишори сохти сензураи давлатӣ ва идеологӣ қарор дошт. Як намуна аз рӯзномаи «Маориф ва маданият» аз 17-уми июли соли 1951, «Сессия маърӯзаи доктори илмҳои филологӣ, ноиби Президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон Б. Ниёзмуҳаммадовро дар бораи ҷамъбасти сессияи шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон бахшида ба яксолагии нашр шудани осори гениалии И. В. Сталин» «Марксизм ва масъалаҳои забоншиносӣ» муҳокима кард». Мисоли дигар аз рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», ки 24 августи соли 1959 чоп шудааст: «Онҳо дар саҳро фидокорона меҳнат карда, нормаи ҳаррӯзаро 200-250 процент ба ҷо меоранд. Вале дар колхоз бригадаҳое низ ҳастанд, ки кори сеюми байни қаторҳоро то ин муддат кашол дода меоянд».
Аз авохири солҳои панҷоҳум дар истилоҳсозӣ баъзе тағйирот рух дод, ки бо таъсири Кумитаи истилоҳот дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1960) фаъолтар ва босамартар гардид. Ин кумита, ки ба он академик М. Осимӣ роҳбарӣ мекард, кӯшиш кард, ки раванди истилоҳсозиро бо усулҳои илмӣ пайванд созад ва принсипҳои илмии истилоҳофариниро дар забони тоҷикӣ муайян намояд. «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ (1971) аз тарафи ин кумита таҳия ва чоп гардид. Кумитаи истилоҳот дар ҳайати худ 16 шуъбаи соҳавӣ дошт ва натиҷаи фаъолияти ин кумита ба табъ расидани якчанд луғату фарҳангҳои соҳавии истилоҳот гардид. Аз корҳое, ки дар ин давра чоп шудаанду ба раванди истилоҳсозӣ таъсир расондаанд, метавон аз «Луғати русӣ - тоҷикии терминологияи философия» (1966) ном бурд. «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ» то андозае фаъолияти ин кумитаро дар соҳаи истилоҳсозӣ муайян намуд. Агар аз баъзе нуқсонҳои ин китобча сарфи назар намоем, таҳиягарони он кӯшиш карданд, ки пеши роҳи равияи нодурусти истилоҳсозиро, ки дар муддати 30 - 40 сол идома дошт, бигиранд.
Баъд аз марги И. В. Сталин ва ба сари қудрат омадани роҳбарияти нави Шӯравӣ сиёсати нисбатан нарми солҳои 50-ум ба забони матбуоти тоҷик таъсир расонд ва бархе аз вожагон аз матбуоти Эрон низ вориди забон гардид, ки намунаи барҷастаи онҳо вожаҳои «донишҷӯ» ва «донишгоҳ» буд. Вожаи «анҷуман» то ибтидои солҳои 30-юми садаи ХХ дар забони мо (анҷумани забоншиносон дар соли 1930) истифода мегардид, вале истилоҳҳои «донишгоҳ» ва «донишҷӯ» наввожаҳое буданд, ки аз тарафи Фарҳангистони аввали Эрон расмӣ шуда буданд.
Вале ин ҷараён дер давом накард. Дар соли 1964 барои баррасии масъалаҳои рушду густариши забон ва махсусан барои ба танзим даровардани истилоҳоти забон конференсияи забоншиносӣ даъват гардид ва дар он забони матбуот зери тозиёнаи танқид гирифта шуд.
  Қисмати  бештари маърӯзаи асосӣ  ба ҳисоботи фаъолияти илмиву  тадқиқотӣ бахшида шуда, фақат дар бахши «Масъалаи терминология ва имло» мо равиш ва  ақидаи  сиёсии сухангӯйро  (Б. Ниёзмуҳаммадов) эҳсос мекунем. Ӯ дар ин бахш мегӯяд:   «Дар кор фармудани термину калимаҳо солҳои охир як камбудии ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Ҳоло терминҳои  донишкада, донишгоҳ, донишҷӯй ва ғайраҳо дар матбуот, нашриёт ва радиою телевизиони республикаамон фаровон ба кор бурда мешаванд. Аз ин терминҳо донишкада ва донишгоҳ ба ҷои мактабҳои олӣ, донишҷӯй ба ҷои студент ба кор бурда мешавад.
Терминҳои мавҷудаи советӣ ва интернатсионалӣ  ба ҳама мафҳум буда, худсарона ба терминҳои номафҳум ва бегона иваз кардани онҳо ғалат аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки онҳоро бо ихтиёри худ иваз намояд ва ё тағйир диҳад». Тавре ки аз ин иқтибос бармеояд, Б. Ниёзмуҳаммадов истилоҳҳои  «донишкада», «донишгоҳ» ва «донишҷӯй» -ро истилоҳҳои «номафҳум» ва «бегона» ҳисобида, истилоҳҳои советиву интернатсионалии «студент» «университет» «институт» ба қавли ӯ истилоҳҳои  «ба ҳама мафҳум» мебошанд. Ӯ истифодаи истилоҳҳои  ноби тоҷикиро дар матбуоти кишвар «як камбудии ҷиддӣ» ҳисоб мекунад. 
Аз охири солҳои 80 - ум давраи нав оғоз меёбад, ки он ба бозсозии давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) сахт алоқаманд аст.
Зери таъсири бозсозиву ошкорбаёнӣ рӯ гардондан аз вомгирии айнӣ ва рӯ овардан ба баробарҷӯӣ, худ ба худ ва ба таври номуташаккил аввал аз тарафи рӯзноманигорон шурӯъ гардид. Дар матбуот ва радиову телевизион босуръат ҷои истилоҳҳои русиву интернатсионалиро вожаҳои ноби тоҷикӣ гирифтанд. Истилоҳҳои ҳизб - партия, Шӯравӣ - Советӣ, додгоҳ - суд, ҳокимият - арбитраж, додситон - прокурор, ихтисораҳои ҲКИШ - Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ - КПСС, ИҶШС - Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ - СССР, донишгоҳ - университет, ҷумҳурӣ - республика, Шӯрои Олӣ - Совети Олӣ намунаи ин таҳаввулот буд.
Тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву идеологӣ баъд аз эъломи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соли 1991 бардошта шуд ва забони матбуот ҳам зуд аз насими форами истиқлол истифода намуд ва рӯ ба асолати забон овард. Инак, чанд намуна аз матбуоти ибтидои солҳои 90-уми садаи гузашта. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 30-юми июни соли 1992: «Воқеаҳои рӯзҳои охир нишон доданд, ки ҷумҳурияти тозаистиқлоли мо воқеан ҳам дар партгоҳи хавфноки парокандашавии қавмӣ қарор дорад», «Раиси Девони Вазирон Акбар Мирзоев бо ҳайати давлатӣ аз Қӯрғонтеппа ба Душанбе баргашт». Дар ин ду мисол истифодаи истилоҳҳои «Ҷумҳурият» ба маънии ҷумҳурӣ ё республика ва ибораи «Девони Вазирон» ба маънои Кабинети Вазирон бо сифати намуна аз истилоҳҳои тозаворид ҷалби таваҷҷуҳ менамоянд. Тавре хонандагон огоҳӣ доранд, сари ифодаи вожаҳои «ҷумҳурӣ» ва «ҷумҳурият» ба маънои «республика» дар он солҳо дар матбуоту давраҳои расмӣ баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифта буд ва охири охирон шакли дурусти он, яъне вожаи «ҷумҳурӣ» қабул гардид.
Баъд аз қабули Қонуни забон 22-юми июли соли 1989 ва махсусан дар солҳои истиқлолият бо сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати татбиқи Қонуни забон ва инкишофи забони тоҷикӣ забони мо ҳамчун забони давлатӣ ҳам аз лиҳози мақоми ҳуқуқӣ ва ҳам аз лиҳози тағйироти вожагонию лексикӣ хеле густариш ёфт. Махсусан, солҳои охир бар асари таҳаққуқи сиёсати забонии давлати Тоҷикистон забони тоҷикӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа ва аксари сохторҳои давлатию ғайридавлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Имрӯз ба таври умум забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кардааст. Албатта, камбудиву норасоиҳо низ хеле зиёданд. Бештари онҳо хусусияти амалӣ доранд. Ин хусусиятҳо бештар ба тарзи дуруст навиштани матнҳои гуногун, лавҳаву овезаҳо, навишти дурусти номи корхонаву муассисаҳо ва ғайра иртибот дорад, ки барои рафъи онҳо пеш аз ҳама сатҳи забондонии мардумро баланд бардоштан лозим аст. Имрӯз забони матбуот ҳамон хусусиятҳои имрӯзии забони тоҷикиро инъикос менамояд ва сабки навишти онҳо низ гуногун аст. Он даъвоҳое, ки гӯё забони тоҷикӣ бо истифодаи калимаҳои душворфаҳм дар ҳоли харобӣ қарор дорад, пояи мантиқӣ надорад. Дар воқеъ, забони мо дар Тоҷикистон тӯли бист соли охир бисёр тағйир кардааст. Дар ҳақиқат, агар як касе аз насли солҳои 60-ум ва 70-ум рӯзнома ва китобҳои моро бихонад, шояд дар дарки он ҷое ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шавад. Аммо дар ин маврид калимаҳои бегона ва зиёдатӣ ба нудрат ва бисёр кам ба забон дохил шудаанд. Аксари ин калимаҳо дар собиқ ҳам истифода мешуданд ва моли ин забон ҳастанд. Ва имрӯз, ки маҳдудаҳо бардошта шудааст, дубора калима ва вожаҳое, ки дар замони Шӯравӣ истифодаи онҳо мамнӯъ буд, мисли пешоҳанг, сарнишин, сарборӣ, шоҳроҳ, анҷуман ва ғайра дубора истифода мешаванд. Бинобар ин, имрӯз барои ҷомеаи мо масъалаҳои омӯзиши забони тоҷикӣ, хатти ниёгон, таърихи забони мо ва таҳқиқи ҷиҳатҳои гуногуни услубӣ ва сабкҳои гуногуни навишт аҳамият пайдо мекунад. Соли 2009 дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд ва забони тоҷикӣ бо марҳилаи нави рушду густариши худ дохил гардид, ки ба истилоҳот низ бетаъсир нахоҳад монд ва он ҳам ҳамчун яке аз бахшҳои таркибии забони модарии мо ба асолату покизагии худ бармегардад ва яке аз шаҳсутунҳои густариши бесобиқаи забони модарии мо дар садаи ХХI хоҳад шуд. Барои ин тамоми шароит фароҳам аст. Тавре ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар мулоқот бо зиёиёни кишвар 20 - уми марти соли 2009 таъкид намуданд: «Итминони комил дорам, ки қабули қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тадбирҳои дигар дар иртибот ба забони миллӣ як силсила монеаҳои мавҷудаи сунъиро дар ин самт барканор сохта, марҳалаи воқеан навро дар таҳким ва рушди забони давлатӣ оғоз хоҳанд кард».

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2015    №: 243, 244, 245    Мутолиа карданд: 22740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед