ҳукумат
ОҚИБАТҲОИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР БАДАХШОН БАРТАРАФ МЕШАВАНД
Субҳи 9 декабр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид.
Дар оғози машварат Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба талафоту хисороти аз заминларза расида ва чораҳои фаврии андешида гузориш дод.
Зикр гардид, ки дар қаламрави ВМКБ 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меоянд. Ҳамчунин, иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо, қисман зарар дидаанд. Сокинони хонаҳои пурра харобгашта дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маҳсулоти ғизоӣ, сару либос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин шудаанд.
Тоза кардани роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз сангу шағали бар асари заминларза болои роҳҳо рехта бо сафарбарии техникаю механизмҳои зарурӣ муташаккилона идома дорад. Як қисми роҳҳо аллакай тоза шудаанд. Давоми се рӯзи оянда ҳамаи роҳҳо пурра тоза карда мешаванд.
Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ шабу рӯз фаъоланд. Супориш дода шуд, ки дар мавзеъҳои бехавф барои бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ҷойҳо муайян карда шаванд, то ки аз баҳору тобистони соли оянда мардум ба бунёди хонаҳои нав оғоз намоянд.
Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар ашёи талаботи ҳаррӯза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд фаровон захира карда шаванд.
- Чархболҳо низ барои расондани ёрии фаврӣ ва интиқол додани одамон ба ҷойҳои бехавф дар мавзеъҳои наздик ба ноҳияҳои аз заминларза осебдида ҳамеша омода бошанд, - таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.12.2015 №: 246 Мутолиа карданд: 13080