logo

маориф

Нуробод: 595 духтар аз идомаи таҳсил бенасиб мондааст

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон ва ҳамаи коркунони соҳаи маорифи ноҳияи Нурободро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас рӯҳбаланд гардонд. Онҳо ин ҳуҷҷатро омӯхта, баҳри амалӣ намудани нишондодҳои он ҳамаҷониба кӯшиш карда истодаанд. Дар ин хусус мудири шӯъбаи маорифи ноҳия  Ҷумъа Насриддинов зимни сӯҳбат бо хабарнигорамон чунин иброз дошт:
- Чунон ки дар  Паёми имсолаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гаштааст, «Дар ин давра дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии онҳо дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, аз ҷумла 854 мактаб бунёд ва азнавсозӣ гардид, ки дар натиҷа 253 ҳазор ҷои нишаст фароҳам оварда шуд».
Дар ноҳияи мо низ дар давоми солҳои 2005-2008 39 мактаб мавриди истифодабарӣ  қарор гирифт,  ки 10-тои он аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд. 12 мактаб аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, 1 мактаб аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ, 10-тои он  аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва 6 мактаб бо маблағгузории Вазорати маорифи мамлакат бунёд гардид.
Чунон ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омада: «Компютерикунонии муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои водии Рашт, баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба анҷом расид». Хушбахтона, ноҳияи Нуробод аз ҷумлаи он навоҳие мебошад, ки ҳамаи мактабҳояш бо компютер таъминанд. Ҳамин тавр, миқдори компютер ба 269 расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунон дурнамои соҳаи маорифи мамлакатро хеле боварибахшу эҷодкорона муайян намудааст. Аз ҷумла дастур доданд, ки аз сентябри соли 2010 ба таҳсилоти ҳатмии даҳсола ва аз сентябри соли 2014 ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузашта, бо ин роҳ барои ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ  замина фароҳам оварда шавад. Гузаштан ба таҳсилоти ҳатмии даҳсола воқеан ҳам ба он мусоидат менамояд, ки кори таълиму тарбияи насли ҷавон беҳтар ба роҳ монда шуда, мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо бо мутахассисони кордону варзида таъмин гардад. Хусусан барои таҳсилро давом додану соҳибкасбу соҳибмаълумот гардидани духтарони кӯҳистон заминаи пойдоре фароҳам менамояд. Айни замон бисёр духтарон баъди хатми синфи нӯҳ таҳсилро идома намедиҳанд. Соли хониши 2007-2008 синфи 9-уми мактабҳои ноҳияи Нурободро 740 духтар хатм намуд. Аз ин шумора дар соли хониши 2008-2009 танҳо 145 нафар таҳсилро дар синфи 10 идома доданд, ки ин камтар аз панҷяки шумори умумии толибагон аст. Аз ин лиҳоз боварии комил дорем, ки баъди ҷорӣ гардидани таълими ҳатмии даҳсола шумораи духтарон дар мактабҳои олии мамлакат хеле меафзояд.

Ҷ. ҚУВВАТ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6155
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед