logo

туризм

Муаммои терминалҳои самти Бадахшон

Ба қарибӣ дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ва дигар васоити ахбори оммаи Ви лояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мувофиқа бо раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополии ВМКБ ПИТ «Нақлиёт», ҶДММ «Политехникс», ҶСШК АТП-51, ҶСШК «Мусофиркаш», хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби идораи нақлиётии «Помир» тарифҳои мусофиркашонӣ дар 41 адад хатсайри ҳудуди Бадахшон интишор гардидааст. Мувофиқи ин ҳуҷҷат роҳкиро аз шаҳри Хоруғ то ба шаҳри Душанбе бо микроавтобус 94 сомонӣ, бо дигар намудҳои мошинҳои сабукрав 117 сомонӣ муқаррар шудааст. Аз навоҳии ба маркази ҷумҳурӣ наздик Дарвоз ва Ванҷ арзиши чиптаҳо мутаносибан бо микроавтобусҳо 60-71 ва бо дигар намудҳои мошинҳои сабукрав 70-80 сомониро ташкил медиҳад. Аз Ишкошими дурдаст ба шаҳри Душанбе, ки масофаи роҳ 737 километр аст, бо нақлиёти сабукрав 120 сомонӣ муқаррар гаштааст.
Тарифҳои мусофирбарӣ, ки бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ мувофиқа шудааст, дар давраи бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дар ҳақиқат ба манфиати мардум мебошад. Кормандони масъули идораи нақлиёти «Помир», терминалҳои дар шаҳр ва навоҳии Бадахшон ва шаҳри Душанбе воқеъгардида низ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин ҳуҷҷатро дастурамали фаъолияти хеш қарор диҳанд. Мусофирони зиёде, ки ҳамарӯза аз шаҳр ва навоҳии вилоят ва аз ҷониби дигар аз шаҳри Душанбе ба Бадахшон сафар доранд, тарифҳои ҷадиди мусофиркашониро дар саҳифаҳои васоити ахбори омма хонда, нафаси сабуке кашиданд. Аммо дар асл магар ҳамин тавр аст? Оё тарифҳои мусофиркашонӣ аз ҷониби ронандагони мошинҳои мусофиркашон риоя мешавад? Оё кори терминалҳои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ ва навоҳии Бадахшон ба одитарин талабот ва меъёрҳои мусофиркашонӣ ҷавобгӯй аст?
Мутаассифона, фаъолияти терминалҳои самти Бадахшон ба  талабот ҷавобгӯй нест. Танҳо терминали шаҳри Хоруғ  фаъолияташро  каме ба  талаботи меъёрҳои мусофиркашонӣ мутобиқ намудааст. Ин ҷо кормандони терминал аз бинои мувофиқ таъмин мебошанд. Барои нақлиёти мусофиркашонӣ дар як гӯшаи бозори шаҳри Хоруғ ҷои махсус ҷудо карда шудааст. Тартиби ҳаракати нақлиёт риоя мешавад. Кормандони терминал кӯшиш менамоянд, ки кори мураттаби нақлиёти мусофиркашониро дар 41 хатсайри дохили вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқи шароит ва имконият ба роҳ монанд. Вале дар ноҳияҳои дигари вилоят фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ пур аз камбудӣ ва норасоиҳо мебошад. Аз ҷумла мошинҳои мусофиркашонӣ дар назди даромадгоҳи бозори ноҳияи Ванҷ ҳар саҳар ҷамъ меоянд ва номи ин майдонро терминал ниҳодаанд. Ин ҷо иморати махсус он тараф истад,  ҳатто як хоначае бино карда нашудааст, ки кормандони терминал фаъолияти худро ба роҳ монда, низом ва тартиби ҳаракати нақлиёти мусофирбарро назорат баранд. Ин ҷо тартиб ва низоми ҳаракати мошинҳо вуҷуд надорад. Бисёр ронандагони нақлиёти мусофирбар худашон медонанду дави аспашон. Ба терминал сару коре надоранд. Чунин вазъият дар терминали мусофиркашонии ноҳияи Дарвоз низ ҷой дорад.
Терминали мусофиркашонии самти Бадахшон дар шаҳри Душанбе дар майдони собиқ автоколоннаи рақами 2727 ҷойгир шудааст. Аммо ин ҷо ба мусофирон ва ронандагон хизмати хуб расонида намешавад. Танҳо як ошхона-чойхонаи хурдакаке ба онҳо хизмат мерасонад. Ронандагону мусофирон ҳаққонӣ шиква ва шикоят доранд, ки дар терминали номбурда меҳмонхона, маркази таъмири нақлиёт мавҷуд нест. Кори худро кормандони терминал танҳо аз ҷамъ кардани маблағ аз ронандагон медонанду халос. Дар сурате, ки терминали самти Бадахшон дар пойтахти кишвар ба чунин ҳол аст ва тайи солиён ягон беҳбудӣ дида намешавад, пас аз терминалҳои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон чӣ гила?
Ҳамзамон бар асари муайян шудани маблағи сафар дар хатсайрҳо муаммои аз ҳама беш ва вазнин он аст, ки ронандагони микроавтобусҳо ва дигар намудҳои нақлиёти мусофиркаш ва худи кормандони терминалҳо низ ба тарифҳои мусофиркашонӣ розӣ нестанд. Зеро роҳкирое, ки онҳо аз мусофирон мувофиқи тарифҳои нав мегиранд, хароҷоти ронандагонро пӯшонида наметавонад. Чунки роҳҳои Бадахшон, аз ҷумла минтақаҳои роҳҳои тӯлонии 420-600-730 километраи миёни ноҳияҳои Ванҷ, шаҳри Хоруғ, Ишкошим то шаҳри Душанбе валангор мебошанд. Дар роҳҳои пур аз чуқурӣ, пастӣ ва ноҳамвори Ванҷ-Дарвоз, Зиғар-Шӯрообод мошинҳо бо суръати хеле паст ва бо азобе ҳаракат мекунанд. Вазъияти роҳи Дарвоз-Тавилдара-Нуробод низ дар фасли тобистон аз ин бадтар аст. Аз ин ҷост, ки дар нақлиёти мусофирбар аз меъёри муқаррарӣ ду маротиба зиёдтар сӯзишворӣ сарф мегардад. Нархи сӯзишворӣ бошад, дар вазъияти бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ дар Бадахшон баланд аст. Аз сабаби валангории роҳҳо нақлиёт ба шикасту рехти зиёде дучор мешавад. Ронанда Амриддин Миров бо ҳасрат нақл кард, ки аз тирамоҳи соли гузашта ин ҷониб, бо сабаби вайронии роҳ, шаш маротиба резинаҳои чархҳои мошинашро иваз карда, ду маротиба автомобилро таъмир намудааст. Қисмҳои эҳтиётӣ бошанд, хеле гаронанд. Ба замми ин даҳҳо бунгоҳҳои бозрасии автомобилӣ, даҳҳо нафар назоратчиёни роҳ аз ронандагон маблағ талаб мекунанд. Яъне харҷ зиёду фоида кам.
Аз ин рӯ ҳоло ҳам ба таври пештара мусофирон аз Дарвоз то Душанбе 120, Ванҷ-Душанбе 150, Хоруғ-Душанбе 160-170 сомонӣ ба ронандагони нақлиёти мусофирбар медиҳанд. Дар  самти Душанбе-Ишкошим ва дигар шаҳру навоҳии Бадахшон ҳолати кӯҳна ҳукмрон аст. Бинобар он хеле хуб мебуд, ки идораи нақлиёти «Помир» пеш аз он, ки тарифҳои нави мусофиркашониро тартиб додаву қабул карда, дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд, тамоми хароҷотро дуруст ба назар мегирифт.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7910
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед