маориф
ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ БА ТАШАККУЛИ ҒОЯҲОИ МИЛЛӢ ҶАВОБГӮ НЕСТАНД
Маълум аст, ки имрӯз масъалаи ифтихор ва шаъну шарафи миллӣ доштан яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор рафта, диққати тамоми мутахассисону олимонро ба худ ҷалб менамояд. Масъалаи мазкур дар баробари муҳимият доштан боз ба дигар ҷабҳаҳои ҳаёт таъсири қавӣ расонида, проблемаҳоеро рӯи кор оварда истодааст, ки ҳалли онҳо бештар ба таълиму тарбия вобастагӣ дорад. Аз ҷумла, дар тарбияи миллӣ ва паҳлуҳои мухталифи он дар замони муосир саҳифаҳои наве пайдо шуда истодаанд, ки пештар аз мадди назар дур монда буданд.
Махсусан, масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллӣ бештар ба интернатсионализми сиёсӣ печида, моҳияти худро гум карда буданд. Албатта, ифтихори миллӣ доштан ин озодии сиёсиест, ки ҳар як шаҳрванд онро ҳамчун орзую ормон парастиш намуда, барои рушду нуму ва пешравии кишвар истифода мебарад.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан ба зиммаи наслҳои ҷавон ва устодону таълимдиҳандагон вазифаҳои наверо вогузор менамояд, ки барои ифтихори миллӣ ва ҳувиятсозӣ аҳамияти хоса доранд.
Дар баробари ин, боз яке аз омилҳое, ки ба ифтихормандии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад, ин ҷалб намудани шахсони обруманд, донишманд ва шинохтаи миллат мебошад, ки онҳо дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа барои таълиму тарбия нақши муҳим мебозанд.
Зиёда аз ин, ҳоло ба раванди таълиму тарбия бо ворид гардидани низоми таҳсилоти кредитӣ ва дигар тағйироти нави ҷаҳонӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар баъзе ҳолатҳо омӯзиши фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо ба куллӣ тағйир ёфта, предметҳои таълимӣ ба равандҳои нави ҷомеа ҷавобгӯ нестанд.
Ҳамаи ин дар маҷмӯъ метавонад ба фазои маънавии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонда, раванди таълиму тарбияро халалдор намояд.
Солҳои охир баъзан ҷавонони камтаҷрибаю камсавод зери таъсири рӯҳониёни тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои динӣ - сиёсӣ қарор ёфта, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Мутаассифона, имрӯз чунин далелҳои шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафи созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ - экстремистӣ мушкилиҳои наверо эҷод менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки кӯшиши бунёд намудани мафкураи бегонаи динӣ метавонад имрӯз аз ҳама зиёдтар таҳдидҳои ҷиддиро барои афзудани сатҳи таассубу хурофот, зуҳури ифротгароӣ муҳайё намояд. Дар баробари ин, таассуби динӣ имрӯзҳо дар доираи зиёиён, ҳатто дар устодоне, ки дар макотиби миёнаю олӣ таълим медиҳанд, роҳ ёфта истодааст, бахусус, миёни устодони ҷавону миёнасол. Аз ин рӯ, агар таълиму тарбия дар сатҳи баланди миллӣ қарор ёфта тавонад, пас пеши роҳи ташаккули фарҳанги бегона ва роҳ ёфтани ақидаҳои барғалатро гирифтан душвор намегардад.
Ҳамин тариқ, вобаста ба баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ кардани гароиши наврасону ҷавонон аз равияҳои бегона ва тарғиби ҳаёти солим, пешниҳод карда мешавад, ки омӯзгорон дар раванди таълиму тарбия бештар ба бедор намудани ҳисси далериву ифтихормандӣ дар наврасон таваҷҷуҳ намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарварию худшиносии миллӣ тарбия намоянд. Зеро ояндаи давлати миллӣ ва пешравии он бештар ба ҷавонон вобастагӣ дорад.
Г. ХОҶИМАТОВА,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2015 №: 249 Мутолиа карданд: 1750