logo

порлумон

БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ БУЗУРГИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ЁВОН

Дар ноҳияи Ёвон корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна, гаҷкартон 1 миллион метри мураббаъ ва халтаи семент 8 миллион дона бунёд мегарданд.
Ин нукта зимни баррасии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабр баргузор гардид, таъкид шуд.
Лочин Файзуллозода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зикр кард, ки ширкати мазкур барои бунёди ин корхонаҳо 145 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.
Корхонаҳои истеҳсолӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва риояи талаботи экологӣ бунёд гардида, 800 нафар коргари маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин мекунанд. Дар баробари ин, дар коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва варақаҳои гаҷӣ ташкили 230 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаҳо дар давоми якуним сол бунёд гардида, ба кор оғоз хоҳанд кард.
Назар ба гуфтаи Лочин Файзуллозода, сармоягузор бо мақ-сади дастгирии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 хонандаро ба маблағи 13 миллион сомонӣ бунёд мекунад. Инчунин, ду автомашинаи муосири ёрии таъҷилӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ба беморхонаи марказии ноҳия ба тариқи ройгон тақдим гардид. Амалишавии созишномаи мазкур ба рушди иқтисодӣ - иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ, ҷалби сармоягузории мустақили хориҷӣ, воридоти техника ва технологияи нав мусоидат менамояд.
Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молия, зимни баррасии Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат ба лоиҳаи «Кам кардани  талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, иброз дошт, ки маблағи умумии лоиҳаи мазкур 21 миллион евроро ташкил медиҳад. Назар ба гуфтаи ӯ, дар доираи ин лоиҳа насби беш аз 97 ҳазор ҳисобгираки интелектуалии электронӣ барои нуқтаҳои ҳисобӣ ва техникӣ, 3,5 ҳазор трансформатори ҷараён, 200 трансформатори шиддат, 1400 сутуни  оҳану бетонӣ, 450 қуттии воридоти шиддат ва қисман таҷдиди хатҳои барқии кабелу ноқилҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи лоиҳа соли 2011 оғоз гардида, то соли 2017 идома меёбад.
Мирзо Иброҳим, раиси ширкати «Барқи тоҷик» ба саволҳои вакилон, аз ҷумла оид ба хариди трансформаторҳои ватанӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа истеҳсол мегарданд, иброз дошт, ки дар давоми сол аз ин корхона 27 трансформатор гирифтанд. Азбаски  заводи мазкур ширкатро бо трансформатор таъмин карда натавонист, бинобар ин, онро аз тариқи озмуни тендерӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид менамоянд.
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ, зимни ташреҳи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, гуфт, ки роҳандозии муносибатҳо байни ҳар ду кишвар дар фазои мутақобилан судманд ҷараён гирифта, ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷонибҳост. Мавсуф таъкид ба он дошт, ки шартномаи мазкур зимни сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 сентябри соли 2015, ба имзо расида, муқаррароти он робитаҳои ду кишвари дӯстро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2015    №: 253    Мутолиа карданд: 6131
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед