барқияҳо
СИПОСНОМАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ГУРБОНГУЛӢ БЕРДИМУҲАММАДОВ
17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Гурбонгулӣ Мяликгулиевичи ниҳоят гиромӣ!
Аз Ашқобод бо таассуроти бузург аз ҷашни умумихалқӣ бахшида ба 20 - солагии бетарафии Туркманистон баргашта, мо дар бораи фиристонидани ёрии башардӯстона ба Душанбе, ки бо супориши Шумо барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, бо миннатдорӣ хабар ёфтем.
Мо ин иқдомро ҳамчун як нишонаи дастгирии ҳамдигарии анъанавии бародарона, ки саршор аз муносибатҳои ғании бисёрасра миёни мардумони тоҷику туркман аст, мешуморем.
Мо мутмаинем, ки ин дастгирии бародарона кумаки хубе дар кӯшишҳои бартараф сохтани оқибатҳои заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кишвари мо хоҳад буд. Он фавран ба минтақаҳои аз офати табиӣ хисоротдида равона шуда, барои эҳтиёҷоти аҳолии зарардида ва ҳамчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ истифода мешавад.
Гурбонгулӣ Мяликгулиевич, иҷозат диҳед, бори дигар ба Шумо барои ин амали дӯстона самимона изҳори ташаккур ва ба халқи бародари туркман хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно намоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2015 №: 253 Мутолиа карданд: 10792