барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА АМИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР
18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
Боиси хушнудии инҷониб аст ба Волоҳазрат самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниётро ба муносибати Иди миллии Давлати Қатар ирсол намоям. Аз Худованди таоло ба Шумо сиҳатмандиву хушнудӣ ва ба кишвари дӯст ҷиҳати пешрафту шукуфоии беш аз пеш таҳти роҳбарии Шумо комёбиҳо орзумандам.
Боварӣ дорам, ки муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Қатар дар ростои талошҳои муштарак тавсеа хоҳанд ёфт ва азми самимии инҷонибро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо Волоҳазрат барои тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, ки ба суди мардумони бародари мо ва тамоми минтақа аст, таъкид менамоям.
Хоҳишмандам дурудҳои самимӣ ва эҳтироми фоиқаи маро қабул намоед.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.12.2015 №: 254 Мутолиа карданд: 10935