қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи алоқаи барқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, № 3, мод. 156; с. 2008, № 3, мод. 198, № 12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, № 12, мод. 891) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми якуми моддаи 6 сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- тасдиқи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он;
- тасдиқи Тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифӣ;».
2. Ба моддаи 9 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- риояи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳо ва истифодабарии он, инчунин хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифиро санҷиш ва назорат намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор меандешад;».
3. Сархати даҳуми қисми якуми моддаи 10 хориҷ карда шавад.
4. Ба қисми якуми моддаи 20 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тибқи Тартиб ва талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирии симкортҳои истифодабарандагонро гузаронанд;».
5. Ба қисми якуми моддаи 21 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- симкортҳои худро дар операторони хизмати алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гиранд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, № 1271
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 2 декабри соли 2015, № 242
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2015, № 159
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2015 №: 258-259 Мутолиа карданд: 1536