logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2013 «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, № 8 - 9, мод. 652) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои якум, дуюм, чорум, шашум ва ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«- фаъолияти волонтёрӣ – фаъолияте, ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад;
- волонтёр – шахси воқеие, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд;
- шаҳодатномаи волонтёрӣ – ҳуҷҷати расмие, ки тасдиқкунандаи шахсияти волонтёр мебошад;
- ташкилоти ҷалбкунанда – шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратие, ки шахсони воқеиро барои амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷалб менамояд;
- маҷмӯи тадбирҳои ҷамъиятӣ – тадбирҳое, ки барои расидан ба мақсадҳои муайяни манфиатбахши ҷомеа амалӣ карда мешаванд;»;
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаи «варзиш,» калимаи «туризм,» илова карда шавад.
2. Дар моддаи 3:
- дар сархати сеюм калимаҳои «ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ» ба калимаҳои «ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ» иваз карда шаванд;
- сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- дастгирии иштироки волонтёр дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ;
- муайян намудани мақоми ҳуқуқии волонтёр, ки он ба уҳдадориҳо, принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ ва риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ асос меёбад.».
3. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- таъмини бехатарии фаъолият ва шароит барои ҷуброни хароҷот, ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои волонтёр заруранд;».
4. Дар моддаи 7:
- дар қисми 1:
- сархатҳои якум ва шашум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«- самт ва намуди фаъолияти худро озодона интихоб намояд;
- ба воситаи ташкилоти ҷалбкунанда ва ё бевосита аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсияномаеро, ки амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ, таҷриба ва маҳорати бадастовардаашро тасдиқ мекунанд, дастрас намояд;»;
- ба сархати ҳафтум пас аз калимаи «меҳнат» калимаҳои «, андоз, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ» илова карда шаванд;
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- бо нишон додани шаҳодатномаи волонтёрӣ аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, ғайр аз таксӣ, ки тартиби онро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд, бепул истифода барад;
- ба фаъолияти меҳнатии бемузд машғул шавад;»;
- ба қисми 2 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- дар доираи Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кунад;».
5. Дар моддаи 8:
- сархатҳои якум, ҳафтум ва ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«- қабули волонтёронро амалӣ намояд;
- ҷуброни хароҷотеро (роҳкиро, ҷойи хоб, хӯрок, суғуртаи тиббию иҷтимоӣ ва дигар), ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои волонтёр заруранд, таъмин намояд;
- ба волонтёр дар сурати доштани собиқаи меҳнатии волонтёрии на кам аз 20 соат дар як моҳ барои таъмин гардидан бо дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур муосидат намояд;»;
- дар сархати нуҳум пас аз калимаи «барад» калимаҳои «ва мутобиқи ин сабтҳо ба волонтёр маълумотнома диҳад;» илова карда шаванд;
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- оид ба амалисозии самтҳо ва намудҳои фаъолияти волонтёрӣ, ҳайат, шумора ва натиҷаи фаъолияти волонтёрон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳар сол маълумот пешниҳод намояд;».
6. Сархати чоруми моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 «- тасдиқ намудани Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
7. Дар моддаи 11:
- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказ ва бо истифода аз усулҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла технологияи интернетӣ, ба қайд гирифтан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти волонтёрии шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон;
- таъсиси Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар ташкилотҳо;
- мониторинг ва баҳодиҳии фаъолияти волонтёрӣ ва дар ҳолати зарурӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур қабул намудани қарорҳои дахлдор, аз ҷумла оид ба қатъ намудани фаъолияти волонтёрии шахс;
- тасдиқи шакл ва намунаи дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ;».
8. Ба моддаи 14 қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«6. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳо ва фондҳои волонтёрӣ дар маҳалҳо аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тавассути амалӣ гардонидани фармоишҳои иҷтимоӣ, таъмин намудан бо бино, воситаи алоқа ва дигар хизматрасонӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, № 1268


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2015,  №231

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»

Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2015,  № 155


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2015    №: 258-259    Мутолиа карданд: 1505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед