logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 23-24, мод. 462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1996, № 4, мод. 62; с. 1998, № 10, мод. 119; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 161;  с. 2003, № 4,  мод. 142;  с. 2008, № 6, мод. 452; с. 2009, № 3, мод. 92; с. 2014, № 11, мод. 660) тағйиру  иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар банди а) қисми якум:
- дар сархати дуюм калимаҳои «Вазоратҳои амният ва корҳои дохилӣ ва қӯшуни» ба калимаҳои «бехатарии давлатӣ, қӯшунҳои дохилӣ ва» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «судяҳо, коркунони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратураи» ба калимаҳои «судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд – судяҳои суди ҳарбӣ) ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
- дар ном ва қисми сеюм калимаҳои «Дар асосҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаҳои «шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» иваз карда шаванд;
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар ташкилотҳои худмаблағгузори ҳарбикунонидашуда хизмат мекунанд ва таъминоти пулии онҳо аз ҳисоби ин ташкилот пардохт мешавад, таъйин ва пардохти нафақаашон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ карда мешаванд.».
3. Дар моддаи 4 калимаҳои «судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратураи» ба калимаҳои «судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии» иваз карда шаванд.
4. Дар банди а) қисми якуми моддаи 5 калимаи «судя» ба калимаҳои «судяи суди ҳарбӣ» ва калимаи «прокуратура» ба калимаҳои «прокуратураи ҳарбӣ» иваз карда шаванд.
5. Ба моддаи 10 пас аз калимаи «онҳо» калимаҳои «(ба истиснои шахсони дар қисми чоруми моддаи 2 ҳамин Қонун зикршуда)» илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 11:
- ба банди а) қисми якум пас аз калимаҳои «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,» калимаҳои «судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва» илова карда шаванд;
- аз банди д) қисми якум калимаҳои «Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳо, ки аз мақомоти суд озод карда шудаанд ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандони прокурорию тафтишотӣ, ки аз мақомоти прокуратура озод карда шудаанд,» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,» хориҷ карда, калимаҳои «суд, мақомоти прокуратураи» ба калимаҳои «суди ҳарбӣ ва прокуратураи ҳарбии» иваз карда шаванд.
7. Матни моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Барои аз рӯи собиқаи хизмат ба нафақа баромадан шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки то рӯзи аз хизмат ҷавоб шуданашон дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат доранд, ҳуқуқ доранд.».
8. Матни моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Андозаи нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки 25 сол собиқаи хизмат доранд, 65 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст ва барои ҳар соли зиёда аз 25 сол 3 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, вале ҷамъан на зиёда аз 80 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, муқаррар карда мешавад.
Дар мавриди такроран ба хизмати ҳарбӣ ё ба мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва инчунин дар хизмати давлатӣ ба хизмат таъйин шудани шахсони дар ҳамин модда зикршуда, ки нафақа мегиранд, нафақаи онҳо қатъ карда мешавад ва ҳангоми минбаъд аз хизмат ҷавоб додани онҳо пардохти нафақа ба онҳо дар асоси собиқаи хизмат дар рӯзи охирини аз хизмат ҷавоб шуданашон аз нав барқарор карда мешавад.».
9. Дар моддаи 18:
- дар қисми якум:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои «банди «а» - и» хориҷ карда шуда, калимаҳои «судя», «прокуратура» ва «судяҳо, кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура» мувофиқан ба калимаҳои «судяи суди ҳарбӣ», «прокуратураи ҳарбӣ» ва «судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
- ҷумлаи сеюм қисми дуюм ҳисобида шавад.
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ба собиқаи хизматии умумӣ барои таъйин намудани нафақа ба шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ҳисоб намудани собиқаи ғайринизомӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
10. Дар моддаи 43 калимаи «судяҳо, кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура» ба калимаҳои «судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «шароитҳои махсус» калимаҳои «ва ҷубронпулиҳо бар ивази сару либоси махсус ва хӯрокворӣ» илова карда шаванд.
11. Дар моддаи 48:
- ба номи модда пас аз калимаи «ноҳиявӣ» калимаҳои «ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкӯҳ» илова карда шаванд;
- ба матни модда пас аз калимаи «ноҳиявӣ» калимаҳои «ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкӯҳ» ва пас аз калимаҳои «муқаррар шудааст,» калимаҳои «тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
12. Аз моддаи 50 калимаҳои «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
13. Дар моддаи 51:
- аз қисми якум калимаҳои «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» иваз карда шаванд.
14. Дар қисми дуюми моддаи 53 рақами «12» ба рақами «6» иваз карда шавад.
15. Дар моддаи 55 рақами «12» ба рақами «6» иваз карда шавад.
16. Аз моддаи 56 калимаҳои «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
17. Дар моддаи 58 рақами «3» ба рақами «2» иваз карда шавад.
18. Дар моддаи 65 калимаҳои «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шуда, калимаҳои «Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Муқаррароти қисми 1, сархати якуми қисми 2, қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 моддаи 1 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ ва сархати дуюми қисми 2 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, № 1264

 

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи
хизматчиёни ҳарбӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2015,  № 227


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»
Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини  нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии  Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2015,  № 151
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2015    №: 258-259    Мутолиа карданд: 1670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед