қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод.145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, № 1221; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, № 1222; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, № 1223) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 69 пас аз калимаи «махсусгардонидашуда» калимаҳои «, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудаанд» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 87:
- ба қисми 2 пас аз калимаи «намунааш» калимаҳои «аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «намунаи» ба калимаҳои «намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 229 қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«5. Ҳангоми дар муҳлати пешбининамудаи Кодекси мазкур иҷро накардани қарор оид ба таъйин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима, иҷрои маҷбурии қарори мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, № 1263
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 2015, № 217
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2015, № 150
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2015 №: 258-259 Мутолиа карданд: 1392