сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек
9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.
Дар ин сафар Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобозода, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5724