logo

энергетика

ЯК БОМУ СЕ ҲАВО

Ё ЧАРО ТРАНСФОРМАТОРИ № 699 ҲАМАРО БО ЯК ЧАШМ НАМЕБИНАД?
Трансформатори мо, яъне трансформатори  № 699 мақоли «қурбон шавам Худоро – як бому ду ҳаворо» - ро ба ёд меорад. Ба қисми рост - рақамҳои тоқи биноҳои кӯча барқ медиҳаду ба тарафи рост - рақамҳои ҷуфт не. Ҳамаро бо як чашм намебинад.

Аслан «як бому се ҳаво» бояд бигӯем, зеро ки аз трансформатори № 699 ба баъзеҳо барқи баланд мерасад, ба қисми дуюм барқе медиҳад, ки лампаи тафсон чун кирми шабчароғ метобаду лампаи каммасраф тамоман бемасраф мешавад, сеюмиҳо умуман барқ намегиранд.
Дарвоқеъ, ин трансформатор ҳафтае нест, ки ду-се бор ба садама дучор нашавад. Охири тирамоҳ, рӯзе, ки раъду барқ жолаи шадидро болои пойтахт  рехт,  аз наздикии он таркиши сахт ба гӯши сокинони кӯча расид. Чароғҳо чун хомӯш гаштанд, маълум гардид, ки трансформатори № 699 аз сабаби пора шудани  ноқилҳои  зеризаминиаш аз кор мондааст. Навбатдорони  идораи барқи ноҳияи Сино трактор оварда, заминро аз чанд ҷой канда, бо асбобҳои махсус ҷойи таркидаи ноқилро ёфта, онро ба ҳам пайвастанд.  Аз ин вазъ ташвиши мардум боло гирифт. «Ҳоло сармо наомада ҳол чунин бошад, дар зимистон моро чӣ интизор аст?», - гуфта аз ин пешомад  дар ҳарос буданд. Ва ташвиши онон бесабаб набуд. Шаби аз 10 ба 11 - уми декабр барқ «мурд». Рӯзҳои дигари барфӣ низ трансформатори № 699 ҳар рӯз гоҳе «ҷон» мегирифту гоҳе «ҷон» медод. 12 декабр барқ омад, вале чунон беҷонак буд, ки бухориҳои барқӣ гармӣ намедоданд, яхдонҳо, дастгоҳҳои пухтупазу шустушӯй аз кор монданд. Вақте ки аз устоҳои барқи ноҳияи Сино сабаби камшиддатиро пурсидем, гуфтанд, ки ҳоло трансформатори шумо ба реҷаи зимистон нагузаштааст.
Воаҷаб, аз танбалии № 699. Аммо нисбат ба камшиддат шудани он ақидаи мардум дигар аст.  Дар солҳои охир дар атрофи трансформатори № 699 якчанд биноҳои нав қомат афрохтанду ноқилҳои барқии онҳо ба вай пайвастанд ва ҳам баъзе «тоҷикони нав» бо ноқилҳои махсуси ғафс аз он неру мегиранд, шояд аз ҳамин ҳол трансформатори бечораи мо ба чунин вазъи хору зор афтода бошад.
                                                                     
Қурбон МАДАЛИЕВ,
сокини шаҳри Душанбе,
кӯчаи Юсуф Вафо, 110  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2015    №: 260    Мутолиа карданд: 15481
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед