мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқоти судбахш анҷом дод.
Аз ҳамкории бисёрсола ва босамари Тоҷикистону Бонки исломии рушд ҳарду ҷониб изҳори қаноат карданд.
Чунонки ёдоварӣ шуд, аз ҷониби ин бонк ба маблағи наздики 325 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаанд.
Ҳоло маблағи умумии лои-ҳаҳои фаъол, ки бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маорифро фаро мегиранд, зиёда аз 190 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба иқдоми Бонки исломии рушд доир ба ҷудо намудани 70 миллион доллари ИМА барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 баҳои баланд дода шуд. Барои иштирок дар маблағгузории навсозии қитъаи Шоҳон - Зиғари роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб ва дигар лоиҳаҳои басо муҳим низ арзи сипос карда шуд.
Дар посух ба ниёзмандиҳои Тоҷикистон Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор дошт, ки дар наздиктарин фурсат гурӯҳи кории Бонки исломии рушдро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки бо оқибатҳои заминларзаи шадид дар Бадахшон ва дигар офатҳои табиӣ ва ҳамчунин бо лоиҳаи навсозии қитъаҳои Кӯлоб - Шӯрообод ва Шкев - Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб - Дарвоз аз наздик шинос шуда, барои расондани кумакҳои фаврӣ ва маблағгузории навсозии роҳи мазкур тадбирҳо андешида шаванд.
Зимни гуфтугӯи судманд ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории гуногунҷанба ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.01.2016 №: 3 Мутолиа карданд: 3283