маориф
БА СИФАТ НИГАРЕМ Ё МИҚДОР?
Бо вуҷуди ҳар сол соҳибихтисос шудани ҳазорон нафар хатмкунандаҳои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ мутаассифона, бекорӣ миёни ҷавонон бо сабаби паст будани малакаи касбӣ коҳиш наёфтааст. Аксари мутахассисони ҷавон вақте ба корхонаву ташкилот ва ширкатҳо барои кор муроҷиат мекунанд, аз онҳо, пеш аз ҳама, донистани забони хориҷӣ, бавижа русӣ, барномаҳои компютерӣ ва технологияи муосир талаб карда мешавад. Азбаски қисми зиёди хатмкардаҳо дониши казоии тахассусӣ надоранд ва савияи забондониашон хеле паст аст, талаботи корхонаҳоро барои ба кор қабул кардан қонеъ намесозанд. Чунин вазъ нишон медиҳад, ки омодасозии мутахассисон дар мамлакат ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нест. Ҳолати мазкур дар бахши сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои дар замони муосир сердаромадтарин баръало мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи Хуршедшоҳ Алишоев, устоди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати ҷумҳурӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, омили асосии бекор мондани мутахассисони ҷавони соҳа хуб надонистани забони хориҷӣ мебошад. Махсусан, барои роҳбалади сайёҳони хориҷӣ донистани ягон забони байналмилалӣ дар сатҳи баланд зарур аст. Инчунин, дар бораи ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои тамошобоб ва макони дорои имкониятҳои табобатӣ мутахассисон бояд дониши мукаммал дошта бошанд. Вале бисёр хатмкардаҳо бо сабаби малакаи пасти забондонӣ ва нозукиҳои туризм наметавонанд дар ширкатҳои хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият намоянд. Ба хотири тавъам намудани омӯзиши назариявии бахши мазкур бо амалия роҳбарияти донишкада дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хизматрасонии туристӣ як гурӯҳ донишҷӯёнро дар давраи таҳсилашон ба таҷрибаомӯзии дарозмуҳлат фаро гирифтааст. Бо вуҷуди роҳандозии барномаҳои нави таълимӣ ва чораҳои зарурӣ аз ҷониби факултаи туризм ва хадамоти гумруки донишкада дар дигар бахшҳои таълимии соҳаи сайёҳӣ, махсусан, дар донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ, фарҳанг ва санъат омодасозии кадрҳои туристӣ ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нест. Аз садҳо нафар хатмкунанда қисми бештарашон бо сабаби малакаи пасти касбӣ бе ҷойи кор монда, роҳ сӯйи муҳоҷирати меҳнатӣ мегиранд.
Дар баробари омодасозии кадрҳои сайёҳӣ, дар дигар бахшҳои макотиби олӣ низ тайёр намудани мутахассисон бо ду по мелангад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳар сол наздики 4 ҳазор нафар хатм мекунад. Вале аксари онҳо бинобар дониши пасти технологӣ ва хуб надонистани забони хориҷӣ, хусусан русӣ, барои кор дар идораҳои давлатӣ ва ташкилоту ширкатҳои хусусӣ роҳ намеёбанд, ҳарчанд аз рӯйи барномаи таълимӣ баъзе аз хатмкардаҳо ихтисосашонро хуб омӯхтаанд.
Усмон Сайфиддинов, хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, изҳор намуд, ки агарчи донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардааст, лекин барои фаъолият дар корхонаву ширкатҳо аз имтиҳон нагузашт.
- Масалан, дар ширкатҳои мобилии «Мегафон» ва «Истэра» бо сабаби хуб надонистани кори техникаи интернетӣ ва забони русӣ маро ба кор қабул накарданд. Ҳол он ки ихтисоси ман ба кори чунин ширкатҳо алоқаи зич дорад. Дар ин росто ба чанд идора ва муассисаи дигар барои кор муроҷиат кардам. Вале савияи пасти забондонӣ ва донишҳои муосири технологӣ монеи кор карданам шуданд, - гуфт номбурда. Ҳамчунин, бисёре аз муҳассилини ихтисосҳои молиявию иқтисодӣ низ бо сабабҳои номбаршуда дар пайдо кардани ҷойи кор ба мушкилӣ дучор мешаванд. Идораҳои дахлдор ҳавасманди ба кор гирифтани мутахассисоне ҳастанд, ки дар хориҷа таҳсил намудаанд. Масалан, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотии моҳи июли соли равон ба пурсиши хабарнигорон дар бораи ба кор гирифтани мутахассисони ҷавон сарбаландона изҳор дошт, ки тайи нимсолаи гузашта ду нафар ҷавони хатмкардаи донишгоҳҳои хориҷаро ба вазифаҳои арзанда таъйин намудем.
Мисолҳои боло бозгӯйи онанд, ки раванди омодасозии кадрҳо дар ҷумҳурӣ ба талаботи бозори меҳнат чандон мувофиқ нест. Масъулони соҳа бештар ба ҳаҷми кор такя намуда, аз сифати таълим сарфи назар менамоянд. Вазъи мавҷуда боиси бе ҷойи кор мондани ҷавонони ба қавле «соҳибмаълумот» гардидааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.01.2016 №: 5 Мутолиа карданд: 1474