маориф
ҲУНАР - ДЕР ОЯДУ ШЕР ОЯД
Дар замони иқтисоди бозоргонӣ корхонаву ташкилот ба коргарони соҳибтахассус эҳтиёҷи зиёд доранд. Рушди фаъолияти онҳо низ аз малакаю ҳунари коргарон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, фароҳам намудани шароити таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон ҳамчун масъалаи мубрами иҷтимоӣ имрӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2015 оид ба касбомӯзии шаҳрвандон ва беҳбудии шуғли аҳолӣ зикр намуд, ки тибқи супориши Роҳбари давлат дар литсейю коллеҷҳо, марказҳои таълими калонсолон, баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии кӯтоҳмуддати бахши хусусӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз курсҳои касбомӯзӣ гузашта истодаанд ва зарур аст, ки ин раванд дар оянда низ идома дода шавад.
Вобаста ба иҷрои супориши Ҳукумати кишвар барои боло бурдани сатҳи ихтисосмандии шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ соли гузашта дар дохилу хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар сокинони синну соли гуногунро ба омӯзиши касб ҷалб намудааст. Доир ба афзоиши шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатии ибтидоии касбӣ ва зиёд кардани самтҳои омӯзиши касбу кори гуногун давоми соли гузашта Раҷабалӣ Гулшанов, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, чунин посух дод:
- Бо мақсади тайёр намудани коргарони соҳибихтисос ва ба ин васила беҳтар намудани шуғли аҳолӣ соли гузашта дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълими хонандагон аз рӯйи 14 самту 96 ихтисос ба роҳ монда шуд, ки қариб 122 ҳазор нафар соҳиби касбу кори гуногун гардиданд. Аз ин 20 417 нафар дар литсейҳои касбии техникӣ ва 101209 нафар дар курсҳои кӯтоҳмуддати Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва филиалу намояндагии он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои тахассусӣ фаро гирифта шуданд. Дар марказҳои таълими калонсолон шаҳрвандон дар шакли барномавӣ, шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ ва худмаблағгузор таҳсил менамоянд. Аз маълумоти муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолон бармеояд, ки теъдоди хатмкунандагон нисбат ба соли 2014 афзуда, 76, 1 дарсади хонандагон аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд. Хонандагони шартномавӣ дар муқоиса ба соли 2014 10, 3 дарсад бештар мебошанд. Дар заминаи фаъолияти босамари муассисаҳои таълимии касбии ҷумҳурӣ 3908 нафари муҳассилини онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки нисбат ба соли 2014 794 нафар афзудааст.
Хушбахтона, имрӯзҳо бо роҳандозии омӯзишии касбу ихтисосҳо вобаста ба талаботи корфармоён дар дохил ва хориҷи мамлакат шаҳрвандон то андозае аз мушкилии бекасбӣ раҳо ёфтанд. Агар пештар коргарони ватанӣ ҳангоми бастани шартномаи кор бинобар надоштани тахассус шароити номусоиди ҷойи корро сарфи назар мекарданд, акнун бо омӯхтани касби муайян метавонанд ҷойи кори беҳтарро интихоб намоянд. Ҳоло бо назардошти талаботи бозори меҳнат вазорат дар оянда курсҳои кӯтоҳмуддат ва ихтисосҳоро аз рӯйи самтҳои афзалиятнок бештар хоҳад намуд. Бо ҳамин роҳ имконияти дарёфти ҷойи корро барои шаҳрвандон, бавижа дар хориҷа метавон васеъ намуд. Зеро шахси соҳибкасб ҳамеша ҷойи кори муносиб меёбад ва дар пайдо кардани он мушкилӣ надорад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.01.2016 №: 6 Мутолиа карданд: 1608