маориф
НУРИДДИН САИД: "БО НАЗАРДОШТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ БА ИХТИСОСҲО АФЗАЛИЯТ ДОДА МЕШАВАД"
- Дар соли 2015 - ум 4 512 шаҳрванди Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ барои таҳсил фиристода шуданд. Солҳои охир бо назардошти талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон ихтисосҳо интихоб карда мешаванд ва афзалият ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва тиб дода шудааст, - иброз дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди донишҷӯёни дар хориҷ тавассути бурсҳо таҳсилкарда афзудааст. 80 дарсади бурсҳои мактабҳои олии кишварҳои хориҷ дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ройгон ва 20 дарсад тариқи шартномавӣ мебошад. Шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба донишгоҳҳои олии кишварҳои Русия, Чин, Ҳиндустон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Амрико, Олмон, Кипр барои таҳсил мераванд.
Ҳамчунин шаҳрвандоне ҳастанд, ки тавассути шартнома дар кишварҳои хориҷ таҳсил доранд. Вале то ба имрӯз вазорат теъдоди мушаххаси онҳоро дар даст надорад.
- Мо аз Вазорати корҳои хориҷӣ дархост намудем, ки тавассути корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ оид ба муайян намудани буду боши донишҷӯён ва дар кадом ришта таҳсил намудани онҳо ба мо мусоидат намоянд. Бозори меҳнати Тоҷикистон бештар ба кадрҳои соҳаи металлургӣ, иктишофӣ, тиб, дақиқ, ҳавонавардӣ, бонкдорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва технология ниёз дорад. Мутаассифона, Ҷумҳурии Исломии Эрон сол то сол теъдоди донишҷӯёни тоҷикистониро кам карда истодааст. Соли ҷорӣ ҳатто аз 93 довталабе, ки аз имтиҳони дохилшавии гузашт, 43 нафарро барои таҳсил даъват карданд, - гуфт вазири маориф ва илм.
Ҳарамгул САНГОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2016 №: 7 Мутолиа карданд: 1459