мулоқотҳо
Мулоқоти Президенти
Тоҷикистон бо вазири
мудофиаи Қазоқистон
27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмии дурӯза ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чаҳорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу мазмуни ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти давлати Қазоқистон барои кӯмакҳои зиёди бародарона, аз ҷумла ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, арзи сипос намуд.
Гуфтугӯи судманд оид ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар омодасозии кадрҳо, мубодилаи таҷрибаю иттилоот дар мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он гуфтугӯ ба миён омад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2064