маориф
ДОНИШГОҲ 60 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПАРДОХТ НАМУД
Ҳайдар Одинаев, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, қайд кард, ки соли гузашта 960 донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ гардид.
Дар натиҷаи хориҷ кардани донишҷӯён донишгоҳ қарздор гардида, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 60 миллион сомонӣ пардохт намуд. Сабаби аз донишгоҳ хориҷ шудани донишҷӯён аз меъёри муқаррарӣ зиёд ҳозир нашудан ба дарсҳо ва насупурдани маблағи шартнома мебошад.
Ҳамчунин, дар донишгоҳ факултети муштараки муҳандисию техникии Тоҷикистон – Беларус фаъолият дорад. Соли гузашта 51 донишҷӯи ин факултет барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи миллии техникии Беларус фиристода шуданд. Инчунин, ҳамкории Донишгоҳи техникӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва донишгоҳҳои шабакавии ИДМ вусъат меёбад.
Раёсати донишгоҳ барои дастгирии иҷтимоии омӯзгорону кормандон маоши устодонро 15 дарсад ва кормандонро 10 дарсад баланд бардошт.
Иронбӣ МӮСОЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2016 №: 9 Мутолиа карданд: 1253