маориф
5 ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ АЗ ҶОНИБИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ТИҶОРАТӢ
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Муъминҷон Шарифов мегӯяд, ки донишҷӯёни донишгоҳ аъзои ягон ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро нестанд. Аммо, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ 5 донишҷӯи шуъбаи ғоибона ба қонунвайронкунӣ даст задаанд.
Раёсати Донишгоҳи тиҷорат барои бартараф кардани ин камбудиҳо ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия вохӯриҳои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо донишҷӯён ташкил намудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки устодони донишгоҳ Ғ. Тошбоев ва Г. Ҳабибуллоев барои ихтирои шарбатафшураи хурмо соҳиби патент шуданд. Дар озмуни китобҳои таълимӣ ва илмии ИДМ Р. Раҷабов, профессори донишгоҳ, соҳиби ҷойи аввал ва диплом гардид.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои худӣ 17 ятим дониш меандӯзанду бо хобгоҳ таъминанд ва 150 сомонӣ стипендия низ мегиранд.
И. МӮСОЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2016 №: 9 Мутолиа карданд: 1320