logo

маориф

МАКТАБИ № 22: МИЗУ КУРСИҲОИ ШИКАСТА, ДАРУ ТИРЕЗАИ ФАРСУДА…

Возеҳ аст, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи вижа дошта, баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва омода намудани хонандагони боистеъдод тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Мутаассифона, дар иддае аз навоҳии мамлакат мактабҳое ҳастанд, ки маҳз бо ҷурми масъулон, ҷойи пешрафт, рӯ ба харобӣ овардан доранд. Бешаку шубҳа, метавон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъро далел овард. Вақти боздид аз он маълум гардид, ки дар ҳолати ногувор қарор дорад. Даромадан баробар роҳрави деворҳояш рангпаридаю таъмирталаб касро дар тааҷҷуб мемонад. Ҳангоми боридани борону барф аз сақфи роҳрав об чакида, намнокии зиёд ҳолати фаршу деворҳоро низ бадтар кардааст.

Мудири мактаб худро Қиёмиддин Ашӯралиев муаррифӣ намуда, сараввал дар бобати ҳолати он ба хабарнигори «Ҷумҳурият» маълумот доданро рад кард.
- Ба мо таъкид кардаанд, ки бе иҷозати намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ба хабарнигорон рухсати дидан кардан аз мактабро надиҳем. Бубахшед, мо дастурро иҷро мекунем. Зеро моҳе қабл хабарнигорон аз як расонаи хабарӣ омада буданд. Баъди рафтанашон моро ҷазо доданд. Гуфтанд, ки «чаро бидуни пурсидан аз шуъба гузоштед рӯзноманигорон вазъияти мактабро бубинанд? Барои ба нафақа баромаданам ҳам, рӯзҳои башумор мондааст», - афзуд ӯ.
Ҳайрон гардидам аз суханону муомилаи роҳбари муассиса. Аз мудир суол кардам: «Оё шумо намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия дар мактаб нестед? Барои шумо риояю иҷрои қонунҳои амалкунанда муҳим аст ё «қонунҳои нонавишта» - и бахши маорифатон?» Билохира, барои иттилоъ додану аз муассиса боздид намудан розӣ шуд. Бино ба иттилои мудир, мактаб 1 сентябри соли 1978 ба фаъолият пардохтааст. То имрӯз рӯи таъмири асосиро надидааст. Дару тирезаҳои синфхонаҳо куҳна, мизу курсиҳои дарсӣ шикаста, манзараи бениҳоят ҳузнангезро дар назар мемонад. Мактаб барои 460 нафар хонанда бунёд шудааст. Алъон дар он 1092 нафар толибилм дар ду баст таҳсил мекунад. Ҷойи нишаст барои онҳо басанда нест. Дар шароитҳои бадтарин сабақ меомӯзанд.
  Толори маҷлисии ин махзани илму маърифат, ки дар ошёнаи дуюм ҷойгир аст, ба харобазор мубаддал гаштааст. Комилан аз истифода бозмонда, роҳи рафтан ба он ҷо баста шудааст. Дару тирезааш шикаста, фаршу сақфаш валангор аст. Вақти боришот аз бомаш чунон беист об мерезад, ки ҳатто ба ошёнаи аввал осебаш мерасад. Бавижа, толори варзиш аз он зарар мебинад.
- Соли хониши 2015 - 2016 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ чӣ қадар маблағ барои таъмири мактаб ҷудо гардидааст, воқиф нестам. Вале, танҳо барои рангубори фаршу деворҳо басанда буд. Бо чунин миқдори пул ҳеҷ гоҳ наметавон боми муассисаро аз нав сохт. Атрофи ин мушкилӣ бо вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ суҳбат кардем ва ваъдаи дастгирӣ низ гирифтем. Қарор аст, ки дар соли 2016 аз ҳисоби вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаб таъмири пурра шавад, - илова кард Қ. Ашӯралиев. 
Сироҷиддин Гурезов, мудири тозаинтихоби шуъбаи маориф зимни суҳбат гуфт, ки воқеан бинои мактаб дар ҳолати бад қарор дорад. Онҳо низ сайъ доранд то ин масъала ҳалли худро ёбад. Маълум, ки хунукназарию саҳлангории маҳз масъулони соҳа муассисаро ба чунин ҳолу рӯз расондааст.
 Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2016    №: 9    Мутолиа карданд: 1508
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед