илм
«ТОҶИКИСТОН» - НОМИ САЙЁРА
- Дар соли сипаришуда Муассисаи давлатии хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон тавассути пойгоҳҳои васеътасвири рақамии сейсмикӣ 18 072 заминларзаро ба қайд гирифт ва 13 январи соли ҷорӣ аз Олмон ба Тоҷикистон 8 истгоҳи сайёри санҷишӣ оварда шуда, ба кӯли Сарез интиқол ёфтанд, - иттилоъ дод президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2015 мувофиқи барномаи давлатӣ корҳои амалии ба кор даровардани реактори ядроии «Аргус» оғоз гашта, дар назар аст, ки соли 2020 пурра ба фаъолият пардозад. Ҳамзамон, тазаккур гашт, ки имсол Иттифоқи байналмилалии астрономҳо сертификати як сайёраи хурдро, ки номи «Тоҷикистон»- ро дорад, ба академия супурд.
Инчунин, ба кор шурӯъ кардани сомонаи академия, ба забонҳои русиву англисӣ ба нашр омода намудани «Китоби сурхи Тоҷикистон» ва дар соли 2016 ба сохтмони бинои мактаби махсуси зеҳнӣ барои 500 нафар хонандаи болаёқати фанҳои табиатшиносӣ, ки толибилмонаш пурра аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд, аз ҷумла корҳои анҷомдодаи академия, аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.01.2016 №: 10 Мутолиа карданд: 21318