logo

туризм

ТАШРИФИ БЕСОБИҚАИ САЙЁҲОН ДАР СОЛИ 2015

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир дар самти рушди сайёҳӣ соли 2015 нишондиҳандаҳои баландтарини воридоти сайёҳон ба кишвар сабт шуд. Агар дар соли 2014 зиёда аз 200 ҳазор сайёҳ ба ҷумҳурӣ ҷалб шуда бошад, дар соли гузашта шумораи сайёҳон ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти  кишвар  206917000 доллари ИМА  ворид гашт, ки нисбат ба соли пешин 94 дарсад зиёд мебошад.
Ин нуктаро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи кумита  ироа дошт.
Ба даҳгонаи давлатҳое, ки шаҳрвандонашон бештар ба кишвар ташриф оварданд, Амрико, Олмон, Федератсияи Русия, Туркия, Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дохил гардиданд.
Бино ба иттилои раиси кумита мавзеи «Сафед - дара» мавриди навсозиву таҷдид қарор дода шуда, барои қабули шаҳрвандони дохилу хориҷ омода гаштааст. Ғайр аз ин, шурӯъ аз мавсими нави вориди сайёҳон ба кишвар, имкониятҳои пазироии шаҳрвандони хориҷӣ дар сатҳи сифатан хуб ба роҳ монда мешаванд. Дар ин самт корҳо оғоз гардида, ҳамкориҳо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ тақвият ёфта истодаанд.
Инчунин, бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 5 сентябри соли 2015, таҳти рақами  564  Шӯрои байниидоравӣ оид ба  ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати мамлакат таъсис ёфт, ки он барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.
 Ш. ҚУРБОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2016    №: 11    Мутолиа карданд: 11661
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед