порлумон
НОМ ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИСТ ВА БА ОН НАБОЯД БЕЭҲТИРОМӢ КАРД
Ба кӯдакон гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд, ҳамчунин ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллус, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд, манъ хоҳад шуд.
Ин нукта аз ҷониби Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иброз шуд.
Номбурда афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои писандидаи фарҳанги миллӣ ва ниёгон, ҳамчунин пешгирии тамоюли номгузории ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегонаву душворфаҳм таҳия гардидааст. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз он бармеояд, ки дар номгузорӣ ва тартиби иваз намудани насаб, ном ва номи падарии шаҳрвандон, тартиби барқароркунии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар амалия муаммоҳои ҷиддие ба вуқӯъ пайвастаанд. Бо қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 ва фароҳам овардани имконияти номгузорӣ бо анъанаҳои миллӣ дар бисёр ҳолат дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуҷҷатгузорӣ ба хатогии ҷиддӣ роҳ дода шуда, боиси ворид намудани тағйирот ба чунин ҳуҷҷатҳо ва хароҷоти зиёд гардидааст.
Ба андешаи вазири адлия, ин санад номувофиқатии дохилии моддаҳои қонунро оид ба татбиқи сабти насаб, ном ва номи падарӣ бартараф менамояд. Тибқи лоиҳа ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд бояд насаб, ном, инчунин метавонад номи падарии бар асосҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснокгардида дошта бошад.
Масъалаи дигаре, ки танзими қонунии худро пайдо хоҳад кард, ин гурӯҳбандии пасвандҳои насабсоз барои ташаккули насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ, инчунин пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падарӣ ва маҳдудиятҳо дар ин ҷода мебошад.
Бо мақсади пешгирии номгузории ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона ва таъсири тамоюлҳои дигар ба ин раванд пешниҳод гардид, ки номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Тоҷикистон мутобиқи анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, татбиқ гардад. Вазири адлия илова намуд, ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ низ танзим гардида, ҳуқуқи онҳо тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода мешавад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2016 №: 11 Мутолиа карданд: 7192