порлумон
ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ ТАҲТИ НАЗОРАТ ҚАРОР МЕГИРАД
- Яке аз сабабҳои ба роҳи нодуруст рафтани ноболиғон ва ҷавонон, ба ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ майл пайдо намудан ва шомил гардидани онҳо истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ ва гирифтани маълумоти ғаразнок ва зараровар мебошад, - иброз дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ».
Назар ба гуфтаи ӯ, Вазорати маориф ва илм лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дастгирӣ намуда, амали саривақтӣ медонад.
Вазири маориф ва илм зикр кард, ки пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва моддаҳои 7, 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бамаврид ва қобили дастгирист.
- Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намудани маълумот осон ва муносиб буда, муҳимаш онро бошуурона барои рушди мусбии шахс бояд истифода барем. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо наврасону ҷавонон бо сабаби беназоратӣ ва риоя накардани меъёри истифодаи шабакаи интернет онро бар зарари худ ва ҷомеа истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, назорат аз болои истифодабарандагони шабакаи интернет аз тарафи ноболиғону ҷавонон ба манфиати кор аст, - афзуд Нуриддин Саид.
Дар сурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба банди 4 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падар ва модар имконият пайдо мекунад, ки маълумоти заруриро оид ба фарзанди худ ҳангоми кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намуда, назорати истифодаи порталҳои шабакаҳои интернет ва дастрасии иттилооти ба ӯ расидаро таъмин намоянд.
Ҳамин тариқ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба банди 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз тарафи вакилон дастгирӣ ёфта, назорати истифодаи интернет аз ҷониби наврасону ҷавонон зери назари волидон қарор хоҳад гирифт.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2016 №: 18 Мутолиа карданд: 8303