logo

энергетика

ҲИДОЯТ БА ОБОДОНИИ ВАТАН ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

РУШДИ ЭНЕРГЕТИКАИ ОБӢ САМТИ АФЗАЛИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ АСТ

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи муҳими танзими фаъолият барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи босаодат мебошад. Дар он ба масъалаи рушди соҳаи энергетика диққати хоса дода шудааст. Паём барои мо - энергетикҳо ҳидоят ба ободгарию созандагӣ, заҳмати содиқонаву софдилона ва дастур барои фаъолияти босамар аст.

Соли 2015 дар давлатҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 157,7 миллиард кВт - соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки ин талаботи аксари мамолики минтақаро қонеъ намекунад. Бар иловаи ин, талабот ба неруи барқ то соли 2020 ба 180 миллиард кВт - соат ва то соли 2025 ба андозаи 206 миллиард кВт - соат меафзояд. Дар заминаи талаботи рӯзафзун кишвари мо, ки дорои захираҳои азими неруи барқи обист, метавонад дар минтақа нақши калидӣ дошта бошад. Алҳол аз захираи муътамади неруи барқи мо, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисон дар як сол 527 миллиард кВт - соатро ташкил медиҳад, қисми хеле камаш истифода мешаваду халос. Вобаста ба ин, дар Паём таъкид шудааст: «Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад. Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории  байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ  дар соҳаи обро ягона  василаи  ҳалли мушкилот  дар ин самт медонад».
Амалан, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки дар кишвари мо дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ як зумра иншооти муҳим ва хеле зарурӣ сохта, ба истифода дода шавад. Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда - 1» ва «Сангтӯда - 2», Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2”, зиёда аз 300 неругоҳи хурд, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб - Шимол», «Лолазор - Хатлон», «Хуҷанд - Айнӣ», «Сангтӯда - Лолазор», «Сангтӯда – НБО - и Сарбанд», “Қайроққум - Ашт”, таҷдид ва пурқудрат намудани неругоҳҳо, зеристгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, ҳам соҳаро побарҷо нигоҳ доштанд ва ҳам иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқиро дар ҷумҳурӣ беҳтар намуданд.
Бешак, дар кишвари мо энергетика рушд меёбад, вале дар робита ба сол то сол беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар талабот ба барқ низ меафзояд. Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 дарсад афзоиш ёфта, оилаҳои нав ба вуҷуд омаданд, манзилҳои истиқоматии нав бунёд гардиданд. Фақат дар солҳои 2013 - 2014 - ум беш аз 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар ин давра 17320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд ва ин арсаи бунёдкорӣ истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо дорад. Дар Паёми имсола таъкид шудааст: “Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. Вале дар баробари ин, мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифтаем.”
Дар ин замина, кормандони ин соҳаи муҳим ҷаҳду талош доранд, ки бо назардошти ин талаботи афзоянда ба пешбурди соҳа ноил гарданд ва ба рушди Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд.
Мо, кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, супоришу ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва ҳадафи аслии онҳо пешрафти кишвар ва саодати ҳамдиёрони мост, ҳамчун дастури муҳимтарин сармашқи зиндагӣ ва фаъолият намуда, талош менамоем барои рушди соҳаи энергетика, ободонию шукуфоии диёр, расондани рӯшноию гармии ҳамешагӣ ба ҳар хонадон ва татбиқи ҳар нуктаи Паёми Пешвои муаззам саҳми муносиби худро гузорем.
Мирзо ИСМОИЛЗОДА,
раиси Ширкати
саҳомию холдингии
 кушодаи «Барқи Тоҷик»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2016    №: 18    Мутолиа карданд: 17172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед