logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, 28 майи соли 2009

Мӯҳтарам афсарону аскарони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Мӯҳтарам намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
     
             
Пеш аз ҳама ҳар кадоми шуморо бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлату миллати сарбаландамон, ки аз баракати он барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи мустақилонаву боэътимоди марзу буми кишвар шароит ва имконияти мусоиди таърихӣ фароҳам омадааст, ба ифтихори 15-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони кишвар самимона табрик мегӯям.
Шумо хуб медонед, ки қаламрави ҳар як кишвари мустақил яке аз муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории он буда, амнияти ҳар як халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад.
Мо бо мақсади таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ аз рӯзҳои нахустини давлатдории мустақилона, ки кишварамон бинобар сабабҳои маълум, пеш аз ҳама бо сабаби халалдор шудани низоми ҳимояи хатти сарҳад, дар баъзе минтақаҳо ҳатто беназорат мондани он ва ба таври ғайриқонунӣ ворид гардидани яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, адабиёти экстремистӣ ва гурӯҳҳои тахрибкор дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, ҳанӯз дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, яъне моҳи ноябри соли 1992 аввал дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил кардем ва баъди даҳ рӯз бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати Кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳадро таъсис додем.
Минбаъд дар натиҷаи амалӣ намудани чораҳои зарурӣ доир ба таҳкими марзҳои давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус Афғонистон, ки он солҳои зиёд асосан аз ҷониби Хадамоти сарҳадбони Федератсияи Россия ва қисман аз тарафи ҷузъу томҳои Раёсати ҳифзи сарҳади Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муҳофизат карда мешуд,  соли 1994-ум дар мамлакатамон Қӯшунҳои сарҳадӣ созмон дода шуданд ва 28 май ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон эълон гардид.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки мо Қӯшунҳои сарҳадиро низ ба монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи хеле ҳассос ва басо мушкили таърихи кишварамон, амалан бе ягон заминаи моддиву техникӣ ташкил кардем.
Аз ин лиҳоз, ин қӯшунҳо, ки ҳоло ба сохтори муташаккил, муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми кишвар табдил ёфтаанд, яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд. Зеро таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳиму тақдирсоз натанҳо дар бақову пойдории давлату давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин, хотирнишон бояд кард, ки бахусус баъди дар соли 2005-ум пурра ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон вогузор гардидани вазифаи ҳимояи сарҳади давлатӣ бо кишварҳои ҳамҷавор масъулияти ҳайати шахсии онҳо ҳамчун ҳомиёни марзу буми Ватани аҷдодӣ ва кишвари соҳибистиқлоли худ даҳчанд афзуд.
Маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали эъломи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар минтақаҳои сарҳадии он ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ, қочоқи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, маводи мухаддир, инчунин убури ғайриқонунии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ авҷ гирифта, ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ низоми мавҷудаи таъмини амнияти ҷомеа ва давлатро халалдор мекарданд.
Дар он солҳои душвор махсусан сарҳадбонони Россия дар ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва пешгирӣ кардани воридшавии дастаҳои мусаллаҳ, яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати шоиста карданд ва имрӯз мо ба онҳо барои хизмати арзандаашон, инчунин ба хотири саҳмашон дар ташаккули Қӯшунҳои сарҳадии мамлакатамон ва тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос изҳори сипос менамоем.
Дар баробари ин, мехоҳам таъкид созам, ки ҳифз ва таҳкими сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон натанҳо барои кишвари мо, балки барои кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо низ ҳамчун сипар ё минтақаи буферӣ аҳамияти хоса дорад. Ва ин қисмати сарҳад 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад.
Яъне мо дар давоми 18 сол бо роҳи таъмин кардани ҳифзи марзҳои кишвари худ, ҳамзамон давлатҳои дигарро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла экспансияи терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ҳимоя карда истодаем.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфраструктураи сарҳадӣ, инчунин таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.
Бо қабул гардидани қонунҳо «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар бобати ҳифз кардани марзи беш аз чорҳазоркилометраи Тоҷикистон бо чаҳор давлати ҳамсоя мушаххас карда шуданд.
Бунёду азнавсозии инфраструктураи сарҳадӣ ва беҳбудии шароити хизмати ҳарбии сарҳадбонон ҳамеша дар зери назари роҳбарияти сиёсии мамлакат буда, бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи сохтмони иншооти нави сарҳадӣ ва таъмиру таҷдиди инфраструктураи мавҷуда фаъолона мусоидат мекунанд.
Дар ин замина шароити дидбонгоҳҳои сарҳадӣ тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ гардонида мешавад; то имрӯз 110 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта ё таҷдиду таъмир карда, ба истифода дода шудааст ва 90 иншооти дигар таҳти сохтмону тармим қарор дорад.
Дар давоми даҳ соли охир агар хароҷоти якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз 35 миллион сомонии соли 1999 ба 600 миллион сомонӣ дар соли 2009 расида, афзоиши он 17 баробарро ташкил карда бошад, пас маблағҳои барои Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат сарфшуда мутобиқан аз ду миллион ба 63 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он қариб 33 баробарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин давра хароҷоти буҷети давлатӣ барои таъминоти сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ба амволи шайъӣ ва дигар молу маҳсулот аз 12 миллион ба 60 миллион сомонӣ расидааст.
Ғайр аз ин, ҳар сол илова ба хароҷоти асосии дар буҷети давлатӣ тасдиқгардида ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Дар даҳ соли охир маблағи иловагии ҷудошуда зиёда аз 160 миллион сомонӣ ва танҳо соли гузашта 34 миллион сомониро ташкил намуд.
Бо дарназардошти ислоҳоти низоми пардохти музди меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз соли 2006 сар карда, дар буҷети давлатӣ афзоиши мунтазами маош пешбинӣ мегардад: дар давоми танҳо панҷ соли охир музди меҳнати кормандон ва хизматчиёни сохтору мақомоти мазкур қариб 10 баробар зиёд карда шуд.  
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти мушкилоти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ музди меҳнати онҳоро нисбат ба дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ 1,3 баробар зиёд муқаррар намуд.
Илова бар ин, бо мақсади таҳкими ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки хизматро дар шароити вазнини ҷуғрофӣ ва иқлими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон адо менамоянд, бо Фармони Президенти мамлакат аз соли 2008 коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва баландкӯҳ зиёд карда шуданд.
Вале ҳамаи ин тадбирҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд ва мо минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ, таъминоти иҷтимоӣ, инчунин тақвияти асосҳои моддиву техникии муосир барои нерӯҳои марзбон тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешем.
Дар ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ғайр аз заминаи кофии моддиву техникӣ ва иншооти муҷаҳҳаз, инчунин нақши кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорати ҳарбӣ ва воқеан содиқу ватандӯст бағоят калон аст.
Бо дарназардошти ин, мо дар давоми беш аз даҳ соли охир зиёда аз 500 нафар хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро барои таҳсил ба донишгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷӣ фиристодем.
Ҳамчунин бо таъсис додани  Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тарбияи кадрҳоро барои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар дохили кишвар ба роҳ мондем, ки то имрӯз садҳо нафар ҷавонони мо ин муассисаи таҳсилоти олии низомиро хатм карда, дар нуқтаҳои гуногуни сарҳади давлатии Тоҷикистон адои вазифа карда истодаанд.
Бо вуҷуди ин, роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки дар самти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбияи кадрҳо ва мукаммал гардонидани ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, пеш аз ҳама, бо кадрҳои баландихтисос тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, ба масъалаи бозомӯзиву такмили ихтисоси кадрҳо ва ба меъёрҳои муосир расонидани сатҳи касбияти онҳо диққати ҷиддӣ дода, интихобу ҷобаҷогузории дурусти мутахассисонро таъмин намоянд.
Дар робита ба фаъолияти понздаҳсола ва натиҷаҳои хизмати шабонарӯзии марзбонони мамлакат мехостам зикр намоям, ки вазъи аз ҷониби онҳо пешгирӣ гардидани ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ, боздошти интиқолдиҳандагони маводи мухаддир ва вайронкунандагони низоми сарҳадӣ торафт беҳтар шуда истодааст.
Онҳо аз оғози фаъолияти худ ҳазорҳо нафар сарҳадшикан ва вайронкунандагони низоми сарҳадиро боздошт намуда, беш аз 800 мил яроқи оташфишон, инчунин зиёда аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи пурзӯр намудани назорат дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар ҳаҷми калон интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот ва маводи интиқолашон мамнӯъ пешгирӣ карда шуд.
Бо вуҷуди ин, такроран ёдовар мешавам, ки пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ вазифаи бевоситаи хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад. Вале чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар баробари пешрафтҳои бадастомада кор дар ин самт ҳанӯз ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.
Масалан, соли гузашта аз ҷониби ҷузъу томҳои марзбонӣ ҳамагӣ 20 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои содир намудани ҷинояти вобаста ба қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардида, 450 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳаҷми умумии маводи мухаддири қочоқӣ хеле кам аст.
Ҳол он ки дар мамлакат аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2008-ум дар маҷмӯъ беш аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки нисбат ба соли 2007-ум 800 килограмм зиёд мебошад.
Илова бар ин, дар кишварҳои дигар 287 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо 693 килограмм маводи мухаддир боздошт шудааст.
Аз ин бармеояд, ки то ҳанӯз фаъолияти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумрук дар самти мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пурра мутобиқи талабот намебошад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Имрӯз вазъи минтақа ва махсусан вазъияти сарҳади давлатӣ дар байни Тоҷикистону Афғонистон, инчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлати Тоҷикистон аз сарҳадбонон тақозо дорад, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ беш аз ҳарвақта зиракиву ҳушёрӣ ва омодабошии доимӣ зоҳир намоянд.
Зеро онҳо ҳомиёни марзу буми аҷдодӣ ва халқу давлат мебошанд ва сарҳад сипари боэътимоди Ватан аст.
Аз ин лиҳоз, нерӯҳои марзбон сарҳади давлатиро доим дар ҳолате бояд нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро ҳеҷ кас бо ягон восита халалдор карда натавонад.
Шумо ҳамеша бояд дар хотир дошта бошед, ки аҷдоди мо ҳанӯз дуюним ҳазор сол пеш дорои артиш, низоми хосаи марзбонӣ ва усули озмудаи истеҳкомсозӣ будаанд ва онро барои ҳифзи марзҳои қаламрави худ, инчунин таъмини амнияти кишвар истифода мекардаанд, ки лашкари нерӯманди Куруши Кабир ва Дорои Бузург мисоли ин суннати деринаи таърихи мо мебошад.
Дар аҳди нахустин давлати миллии тоҷикон - Сомониён низ сохтори мукаммали низомие бо номи марзбонон вуҷуд дошт, ки сарҳадҳои кишварро посбонӣ намуда, амнияти халқу давлатро  таъмин мекард.
Бахусус бунёдгузори давлати пуриқтидору мутамаркази тоҷикон - Исмоили Сомонӣ аз нерӯҳои марзбонӣ садде бунёд карда буд, ки он марзҳои давлатро як асри тамом аз ҳуҷуму тохтутозҳои бегонагон чун сипари боэътимод эмин дошт.
Воқеан, дар давраи империяи Искандари Мақдунӣ, дар аҳди хилофати араб ва истилои муғул низ халқи тоҷик бо ҷаҳду талошҳои ватандӯстонаи қаҳрамонони худ, чун Спитамен, Абӯмуслими Хуросонӣ, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуби Лайс ва Темурмалик марзу буми аҷдодӣ ва Ватани хешро ҳимоя кардааст.
Муборизаи ватанхоҳонаи яке аз сарлашкарони беҳамтои миллати мо - Спитамен саҳифаи дурахшони корнамоии ниёгонамон ба хотири ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ мебошад.
Онҳо бо шуҷоат ва садоқати беназири худ нисбат ба Ватан ва марзу буми он ғосибони сершумору саропо мусаллаҳро борҳо ба шикаст расонидааст.
Аз ин мисолҳои таърихӣ бармеояд, ки Ватан-Модар дар ҳамаи давру замонҳо барои ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллати мо, аз ҷумла шумо – сарҳадбонон, ки ворисони арзандаи гузаштагони некноми худ мебошед, муқаддастарин арзиш маҳсуб меёбад.
Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва содиқона посбонӣ кардани ҳар ваҷаб марзи он дар асли хеш хизмат кардан ба Ватан аст. Бинобар ин, аз афсарони баландрутба сар карда, то аскарони қаторӣ бояд ҳамеша зираку ҳушёр ва сипари боэътимоди давлату миллати худ бошанд.
Хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад.
Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд ба ҳар як аскару афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доранд ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст.
Фаромӯш набояд кард, ки давлати соҳибистиқлоли мо ҳифзи марзҳои хешро ба зиммаи шумо – сарҳадбонон гузоштааст.
Ин боварӣ дар навбати худ ҳар кадоми шуморо водор месозад, ки марзҳои Ватан, яъне сарҳади давлатиро бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат ҳимоя намоед. Ин вазифаи муқаддас ва рисолати инсонии ҳар кадоми шумост.
Дар робита ба ин, мехостам ҳамчунин ба тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни сохторҳои низомӣ низ, ки ба маҷлиси имрӯза роҳбарону намояндагонашон даъват шудаанд, муроҷиат намоям.
Аз мулоқоти охирини мо ду сол сипарӣ шуд ва бо вуҷуди дар идҳои касбиатон ва дар ҷаласаи охирини Шӯрои амният мавриди баррасӣ қарор гирифтани масъалаҳои марбут ба таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқ мо тасмим гирифтем, ки бо истифода аз фурсат ҳадафу вазифаҳои давлатро дар бобати боз ҳам мустаҳкам намудани хатти сарҳад, таъмини амнияти кишвар ва дигар масъалаҳои вобаста ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ бори дигар ба шумо ёдрас намоем.
Борҳо таъкид кардаем, ки таъмини суботу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин сохторҳои низомӣ мебошад.
Барои таъмини фаъолияти пурсамари онҳо тамоми асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё карда шудаанд ва тавре ки зикр кардам, давлат ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои моддиву техникии сохтору мақомоти мазкур низ ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст.
Дар шароите, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба кишварамон тадриҷан меафзояд, мо бояд доир ба таъмини амнияти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешем.
Дар ин хусус ба вазорату идораҳои дахлдор дар маҷлиси васеи Ҳукумат супоришҳои зарурӣ дода шуданд. Дар баробари ин, бояд Шӯрои амният низ равандҳои иҷтимоиву иқтисодиро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва таҳлили ҷиддӣ қарор дода, доир ба таъмини амнияти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ, истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, татбиқи сиёсати андозу буҷет ва пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шаванд.
Шумо – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ хуб медонед, ки коррупсия ҳамчун падидаи нангин, пеш аз ҳама, эътибори давлат ва ҳокимиятро дар назди ҷомеа коҳиш дода, боиси зарари зиёди иқтисодӣ ва пастшавии нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад ва бо ҳамин роҳ ба амнияти давлату суботи ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод месозад.
Масалан, танҳо соли гузашта Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба маблағи 96 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, инчунин ба маблағи 17 миллион сомонӣ рӯйпӯш намудани андозро ошкор намудааст. Дар маҷмӯъ соли 2008-ум аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қариб 900 ҷинояти коррупсионӣ ошкор карда шудааст.
Ҳарчанд ки мо имрӯз дар чорабинии идона қарор дорем, бо истифода аз фурсат мехоҳам андешаҳои худро дар хусуси баъзе омилҳое, ки боиси коҳиш ёфтани обрӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мегарданд, зикр намоям.
Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ки фаъолияти роҳбарони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла  вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, прокуратура, судҳо ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти пок сохтани ҳайати шахсӣ аз кормандону хизматчиёни тасодуфию манфиатҷӯ ва бо кадрҳои баландихтисос, соҳибмаърифату поквиҷдон ва воқеан ватандӯст пурра гардонидани сафҳои худ ҳанӯз ҳам беҳбудӣ мехоҳад.
Ҳарчанд ки содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ нисбат ба солҳои гузашта дар маҷмӯъ кам шуда истодааст, лекин вазъи риояи оинномаҳои хизмати ҳарбӣ то ба ҳол қонеъкунанда нест.
Таассуфовар аст, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба ҷои пешгирӣ кардани чунин кирдори нангин ва намунаи ибрати дигарон шудан, баръакс худашон даст ба амалҳои коррупсионӣ мезананд.
Соли гузашта барои кирдорҳои ришваситонӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва тасарруфи пулу моли давлатӣ қариб 100 нафар корманди мақомот ва сохторҳои мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Тибқи маълумоти мавҷуда дар давоми солҳои 2004 то имрӯз аз ҷониби 485 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 374 ҷиноят ва аз тарафи 4070 нафар афсару сарбози сохторҳои низомии кишвар 4385 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ин рақамҳо бояд роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ва ҳар як шахси баору номусро ба андешаи амиқ водор созад, чунки кормандони сохтору мақомоти мазкур нишондиҳандаи симои миллат ва ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Бинобар ин, ҳамаи тадбирҳоро бояд андешид, ки ин равияи номатлуб ба таври қатъӣ ва дар ҳамаи сохтору мақомот решакан карда шавад.
Ба Вазорати мудофиа ва дигар мақомоту сохторҳои низомӣ зарур аст, ки доир ба вусъати корҳои тарбиявӣ, риояи қатъии интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии хизматчиёни низомӣ, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагиву хизмат дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватанпарварии афсарону сарбозон ва садоқати онҳо ба Ватан корҳои тарбиявиро пурзӯр намуда, якҷо бо вазоратҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои даъватии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълими фанни омодагии ҳарбӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаҳои вобаста ба беҳбудии вазъи таъминоти сохторҳои низомӣ бо маводи озуқа, либос ва захираи онҳо, истифодаи самараноки имконоти хоҷагиҳои ёрирасони ҷузъу томҳои низомӣ, инчунин омодагии пурраи қисмҳои низомиро ба фаслҳои тирамоҳу зимистон сари вақт ҳаллу фасл кунанд.
Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба шаффофияти фаъолияти худ дар самти мубориза бар зидди суиистифода аз мансаб, тамаъҷӯӣ ва азхудкунии маблағҳои буҷетӣ тақвият бахшида, якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба мубодилаи маълумот, тақвияти чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ ва мубориза бар зидди аъмоли коррупсионӣ чораҳои иловагӣ ва қатъӣ андешад.
Яке аз проблемаҳое, ки солҳои охир торафт миқёси глобалӣ пайдо карда истодааст, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст.
Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, натанҳо ба ҳаёт ва саломатии мардум таҳдид менамояд, балки яке аз сарчашмаҳои молиявии хатарҳои нави ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, терроризм ва экстремизм мебошад.
Аз ин рӯ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат, қабл аз ҳама, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии он, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи мухаддир ва Хадамоти гумрук бори дигар таъкид месозам, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои вобаста ба он ҳамаи чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
Дар ин самт ҳамчунин зарур аст, ки ҳамкории байни сохтору мақомоти зикршуда боз ҳам таҳким бахшида шавад.
Дӯстони азиз!
Дар шароити ҳассосу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки масъулияти кормандону хизматчиёни ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар бобати ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат, таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи боэътимоди марзу буми кишвар ва пешгириву мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткориҳо торафт меафзояд.
Бо дарназардошти вазифаҳои зикршуда бояд, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои таҳкими заминаҳои моддиву техникии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ тавассути истифодаи самарабахшу мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда ва иҷрои саривақтии вазифаҳои дар Барномаи беҳтар намудани таъминоти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амволи махсус дар солҳои 2007-2015 гузошташуда, тақвияти корҳои тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ, тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ ва мукаммал гардонидани сафи онҳо бо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст, инчунин ба давлат ва миллати худ содиқу вафодор аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Мову шумо дар давраи хеле душвори бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, афзудани нооромиву муноқишаҳои минтақавӣ, авҷ гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, муборизаҳои иттилоотӣ ва дигар равандҳои глобалӣ, ки метавонанд ба пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии мо  низ хатар эҷод намоянд, кору фаъолият дорем. Дар чунин шароит вазифаи худро дар сурате метавон сарбаландона иҷро кард, ки  мафҳуми Ватану ватандорӣ, арзиши бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияту ифтихори миллӣ аз ҷониби тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни сохторҳои низомӣ амиқан дарк ва эҳсос карда шавад.    
Аз ин рӯ, ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот аз хизматчии оддӣ сар карда, то афсарони баландрутба бояд салоҳияти касбӣ, сатҳи баланди маҳорату маърифатнокӣ, зиракии сиёсӣ ва дасту дили пок дошта бошад, то ки дар шароити ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзудани хатарҳои муосир ҳама гуна амалҳои номатлубу қонуншиканиро пешгирӣ намуда, рисолати касбии худ - таъмини амнияти давлат, пуштибонии истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва оромии авзои кишварро сарбаландона адо карда тавонад.  
Дар адои ин вазифаҳои басе мушкил, вале бошарафу пурифтихор ба шумо ва ҳайати шахсии мақомоте, ки шумо роҳбарӣ мекунед, барори кор мехоҳам.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо – муҳофизони шуҷои марзу буми Ватанро бо иди касбиатон табрик гуфта, бо итминон изҳор менамоям, ки шумо вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии худро бо эҳсоси масъулият дар назди халқу давлат ва бо маҳорати баланди касбӣ адо мекунед.
Зеро мардуми Тоҷикистон дар қатори кормандони дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморо муҳофизони боэътимоди амнияти давлату миллат, сипари мустаҳками марзҳои Ватан ва пуштибони воқеии сулҳу субот медонад.
Идатон муборак, сарҳадбонони шуҷои Ватан!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3216
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед