мулоқотҳо
Гуфтугӯи судманди
Эмомалӣ Раҳмон бо
Нурбердӣ Амонмуродов
28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷик-истон Нурбердӣ Амонмуродов эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Нурбердӣ Амонмуродов, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили кунунӣ ва густариши муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ, ки дар сатҳи давлату ҳукумат, вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ду кишвар ба имзо расидаанд ва ҳамчунин ба омодасозии санадҳои нави ҳамкорӣ зоҳир шуд.
Таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон имкону захираҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ хеле фароханд ва барои баҳрабардорӣ аз онҳо,ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯи судманд оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, металлургия, нақлиёту коммуникатсия, туризм ва истифодаи босамари захираҳои обии минтақа сурат гирифт.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2104