маориф
ДДТТ: ТАЪМИНИ КАДРҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВАЗИФАИ АВВАЛИНИ МОСТ
- Ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 1147 донишҷӯ хатм мекунад, вале бо вуҷуди ин, имрӯз нарасидани мутахассисони сатҳи олии тиббӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб боқӣ мемонад, - иброз дошт Убайдулло Қурбон, ректори донишгоҳ.
Зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон, яке аз минтақаҳои калонтарини кишвар, қариб 3 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб намерасад. Дар ноҳияҳои Темурмалик, Шӯрообод ва Ховалинг ба сари 10 ҳазор аҳолӣ 4 - 5 табиб рост меояд. Бо назардошти ин нукта Сарвари давлат дар Паём дастур доданд, ки дар вилояти Хатлон Донишгоҳи тиббӣ таъсис дода шавад. Донишгоҳи давлатии тиббӣ омода аст, ки ин муассисаро бо омӯзгорон ва таҷҳизоти таълимӣ таъмин намояд.
Соли хониши 2015 тибқи Квотаи президентӣ 110 нафар қабул карда шуд, ки 57 нафари он духтар мебошад. Донишгоҳ то соли 2005 танҳо бо 6 муассисаи олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошт, ҳоло бошад, ҳамкориро бо зиёда аз 80 муассисаи олӣ ба роҳ мондааст.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2016 №: 19 Мутолиа карданд: 1240