мулоқотҳо
Сардори давлат Швейтсарияро
муҳимтарин кишвари мададрасон номид
27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Роттро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Швейтсарияро муҳимтарин кишвари мададрасони Тоҷикистон номида, аз ҷумла иброз дошт:
-Мо аз Ҳукумати Швейтсария барои татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон сипосгузорем ва манфиатдорем, ки муносибатҳои судманди ду кишвар боз ҳам таҳкиму густариш ёбанд.
Жан Пйер Ротт изҳор дошт, ки Тоҷикистону Швейтсария ба як гурӯҳи кишварҳои узви Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ шомиланд ва пайваста аз манфиатҳои ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии Швейтсария оид ба рушди инфрасохтор, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, кам кардани хатари офатҳои табиат, идораи захираҳои обӣ, рушди бахши хусусию созмонҳои ҷамъиятӣ ва низоми қарздиҳии хурд лоиҳаҳои зиёди судманд амалӣ мешаванд. Ба нақши Бонки миллии Швейтсария дар омодасозии кадрҳои соҳаи бонкӣ, такмил додани сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва расондани кӯмакҳои техникӣ баҳои баланд дода шуд.
Гуфтугӯи судманд оид ба ҳамкорӣ баҳри кам кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва дастгирӣ аз тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат ва Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1992