фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо озод намудани Солиев Р. А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Солиев Рустамҷон Абдуллоевич аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016, № 626
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2016 №: 20 Мутолиа карданд: 1319