маориф
ДОНИШКАДА БА СОХТОРИ ДИГАР МЕГУЗАРАД
Ашӯрбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2015 донишкада бо ду мукофоти байналмилалӣ сазовор гардид.
Қарор аст, ки дар ояндаи наздик Донишкадаи молия ва иқтисод ба донишгоҳ табдил дода шавад. Тамоми ҳуҷҷатҳо дар ин хусус омода шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод гаштааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон квотаро дар равияҳои молия ва иқтисод тадриҷан кам карда истодааст. Сабабаш он аст, ки мутахассисони молия ва иқтисод зиёданд, аз ин рӯ, эҳтиёҷ ба онҳо камтар мебошад. Квота дар равияҳои технологияи иттилоотӣ, тиббӣ, ихтисосҳои техникӣ ва амсоли инҳо зиёд мегардад. Аз нуқтаи назари самаранокӣ тайёр кардани чунин мутахассисҳо дурусттар аст. Зеро имрӯз ҷумҳурӣ маҳз ба мутахассисони баландихтисоси ин соҳаҳо ниёзи бештар дорад.
Сафаргул АЛИМОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2016 №: 21 Мутолиа карданд: 1355