маориф
ФИЛИАЛИ ДДМ: СИФАТИ ТАЪЛИМ АЗ ТАШХИС ГУЗАШТ
- Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе соли гузашта стандартҳои таълимии равияҳои гуманитариро муваффақона аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронд. Сифати таълим аз ташхиси Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи маориф ва илми Федератсияи Русия гузаронда шуда, дар асоси қарори Коллегияи аккредитатсионӣ филиал аккредетатсияи давлатиро (ҳуқуқи додани дипломи намунаи давлатиро) боз аз рӯйи се равияи барномаҳои таълимии дигар ба даст овард,- иброз дошт Сайалло Мирзоев, ректори филиали мазкур зимни нишасти матуботӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ҷомеа ба кадрҳои баландихтисос ва имконоти васеи сайёҳии Тоҷикистон ва бойигариҳои табиии он, филиал мақсад дорад, ки имсол равияи «Реклама ва робита бо ҷомеа» - ро кушояд. Айни ҳол тартиби иҷозатномадиҳии барномаи асосии таълимӣ дар Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи маориф ва илми Федератсияи Русия амалӣ шуда истодааст.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2016 №: 21 Мутолиа карданд: 1270