порлумон
КИРДОРҲОИ КОРРУПСИОНӢ ПЕШГИРӢ МЕГАРДАНД
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия аҳамияти хоса дода, санадҳои байналмилалии вобаста ба ин, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсияро тасдиқ намудааст. Бо мақсади мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба конвенсияи мазкур, таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ ва дуруст ба роҳ мондани мубориза бар зидди коррупсия, Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул намудааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст. Инчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани муборизаи якҷоя бар зидди ин падидаи номатлуб дар Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия фаъолият мекунад.
Назар ба гуфтаи вазири адлия, ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 «Оид ба вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва баҳри иҷрои банди 45 - и нақшаи Стратегия лоиҳаи мазкур таҳия гардидааст. Мутобиқи он ба вазифаҳои асосии мақомоти андоз муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузарондани таҳлили хавфу омилҳои коррупсия дар мақомоти андоз вогузор карда шудааст.
Вобаста ба ин, ба қисми 1 моддаи 83 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати чорум илова мешавад. Мақсад аз илова намудани сархати мазкур, равона намудани фаъолияти мақомоти андоз бештар ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳа мебошад. Мутобиқи меъёри мазкур мақомоти андоз вазифадоранд, ки хавфҳои эҳтимолие, ки ба содиршавии коррупсия дар мақомоти андоз мусоидат мекунанд, муайян намуда, оид ба барҳамдиҳии онҳо чораандешӣ ва дар марҳилаи аввал содиршавии кирдорҳои коррупсиониро пешгирӣ намоянд.
Ба гуфтаи вазири адлия, самаранок амалӣ намудани меъёри мазкур дар таҷриба ба камшавии кирдорҳои коррупсионӣ оварда мерасонад.
Лоиҳаи ворид намудани чунин илова ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи маориф» аз ҷониби вакилон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва тасдиқ гардид.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2016 №: 21 Мутолиа карданд: 8906