logo

маориф

МАКТАБИ № 3. РОҲБАРОН ИВАЗ ШУДАНДУ АҲВОЛ НЕ, ЧАРО?

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зиёда аз 10 сол аст, ки сохтмони як қатор муассисаҳои таълимиро кашол медиҳад. Ин ҳолат боиси он шудааст, ки 950 хонанда дар биноҳои садамавӣ дарс мехонанд.
 
Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 3 Ҷамоати деҳоти Сафедоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки оид ба ҳолати садамавӣ ва ғайрисанитарӣ қарор доштанаш дар рӯзнома мавод нашр шуда буд, яке аз муассисаҳои муваффақ ба шумор мерафт. Соли 2006 мактаб бар асари зиёд шудани сатҳи оби дарёи Панҷ зери об монд. Он кӯдакони се ҷамоатро ба таълим фаро мегирифт. Баъди ин ҳодиса, ки мактаб осеби ҷиддӣ дид, дар асоси муроҷиати аҳолӣ ва дастгирии раиси ноҳия барои бинои нави мактаб аз ҳисоби заминҳои обӣ қитъаи замин ҷудо шуд.
Эҳсони Хушвахт, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм мегӯяд: «Сохтмони муассисаи таълимии № 3 -и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагон ва биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд» ворид гардида, сохтмони он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вогузор гардидааст».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба мо оид ба сарнавишти мактаб посух надоданд. Тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳаи бинои мактаби нав, ки дастраси мо гардид, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам барои сохтмони бинои нав иҷозат додааст. Муҳлати сохтмони бинои нав як солро дар бар мегирад. Мутаассифона, аз сабаби беэътиноии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва раёсати маорифи вилоят бинои нави мактаб сохта нашуд. Дар ин муддат раисони вилоят, ноҳия ва раёсати маориф иваз шуданд ва то ба ҳол мақомоти мазкур ин уҳдадории иҷроношударо намедонад, ё аз баҳри сохтани бинои мактаб даст кашидааст. Ин дар ҳолест, ки 12 сол  боз хонандагон дар шароити ногувор дарс мехонанд. Бинои мактаби номбаршуда солҳои шастуми асри гузашта сохта шуда, то ҳол таъмири асосиро надидааст. Хонандагон дар мизу курсии шикаста дарс мехонанд. Ҷалол Исмоилов, роҳбари муассиса мегӯяд, ки маблағ барои харидории мизу курсии таълимиро ба кадом ширкате пардохт кардаанд, аммо маблағи 50 ҳазор сомонии барои рангу бор кардани мактаб самаранок истифода бурда нашудааст. Чаро ширкатҳои ба корҳои таъмири муассисаҳо машғул бо чунин нархи гарон корҳои рангуборро анҷом медиҳанд? Фориғболии мақомоти маҳаллӣ боиси он шудааст, ки зиёда аз 350 хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ки дар тарафи чапи дарёи Сияҳоби ҳамин ҷамоат зиндагӣ мекунанд, дар биноҳои куҳнаву садамавӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. Як қисми синфхонаҳои ин бино толори калонро монад, қисми дигар ба қадре кӯчак аст, ки ҳамагӣ 4 ё 5 мизи дарсиро меғунҷонад. Ҳоҷати сухан гуфтан аз майдони варзишӣ ё майдон барои бозии хонандагон нест. Зеро як қисмати ҳудуди собиқ идораи колхозро, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, ба ҳавлии истиқоматӣ табдил додаанд.
Инчунин, лоиҳакашии сохтмони муассисаи таълимии № 26 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Дӯстӣ ба нақша ворид карда шуд. Вале мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чунин вонамуд мекунад, ки ояндаи хонандагон барояш чандон муҳим нест.

Ҳ. САНГОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.02.2016    №: 23    Мутолиа карданд: 1406
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед