фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Рустам бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 феврали соли 2016, № 631
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.02.2016 №: 23 Мутолиа карданд: 1370