порлумон
ҚОНУНГУЗОРИИ ВАО ТАКМИЛ ЁФТ
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» баррасӣ гардид.
Орумбекзода Шамсиддин, вазири фарҳанг, зимни ташреҳи лоиҳа иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ вобаста ба пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ вазифаи ҳар як рӯзноманигор аз он иборат аст, ки бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусаллаҳ бошад. То битавонад ҳар як факту далелро бо дарки масъулияти миллӣ, аз нуқтаи назари таҳлилӣ амиқ, воқеъбинона, шаффоф дар заминаи ҳадафҳои рушди тафаккури солим дар қолаби хабару мақола, гузоришу мусоҳиба ва дигар жанрҳо ғунҷоиш диҳад, на балки ба муҳокимарониҳои ҳангомаҷӯёна, ғаразнок, суханони берабту маъниҳои аз ҳам гусаста, далелҳои бебунёд, таҳқир ва шикастани қолабҳои забони ноби тоҷикӣ, ки ин раванд мутаассифона, дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ба мушоҳида мерасад, даст занад. Мавсуф таъкид кард, ки ҳадаф аз фаъолияти тамоми воситаҳои ахбори омма бояд як бошад: эҳтиром ва риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва табъу нашр, расидан ба қадру қимати озодии сухан, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ насибамон гаштааст.
Ба хотири имрӯзу фардои дурахшони Ватани азиз ва миллати сарбаландамон дар саҳифаҳои матбуот воқеъбинона, дурандешона, бе ҳадафҳои ғаразнок, ба қалам додани рӯйдодҳои ҷомеа ва дар ин замина саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҷомеа бояд вазифаи меҳварии рӯзноманигор бошад.
Назар ба гуфтаи вазири фарҳанг, ҳадаф аз ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур аввалан мутобиқ кардани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва мурофиавии ҳуқуқӣ, пешгирӣ кардани ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунӣ, мусоидат кардан ба ҳифзу ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошад.
Мувофиқи лоиҳаи ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои аз тарафи воситаҳои ахбори омма риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҷониби онҳо содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунанд, мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба онҳо огоҳиномаи хаттӣ мефиристад ва муҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд. Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахбори омма риоя нагардидани муқаррароти қонунгузорӣ ва ё аз тарафи онҳо содир гардидани амалҳои ба мақсадҳои оинномавиашон мухолиф Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи ӯ ба воситаҳои ахбори омма дар бораи бетаъхир бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ ва ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма хабар дода, муҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд. Агар дар муҳлати муайяншуда қонунвайронкуниҳо бартараф нашаванд, Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд ба суд бо аризаи даъвогӣ дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат намоянд. Дар ин маврид суд метавонад фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро ба муҳлати то се моҳ боздорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолияти воситаҳои ахбори омма сарфи назар аз мавҷудияти баҳисобгирии давлатӣ бо ҳалномаи суд қатъ карда мешаванд. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ қатъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.02.2016 №: 25 Мутолиа карданд: 8915