logo

мулоқотҳо

Шамшод Ахтар: "АЗ ДИДОР БО ҶАНОБИ ПРЕЗИДЕНТ ИФТИХОР ДОРАМ"

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 феврал муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё  ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд. «Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ҳама сохторҳои дахлдори Созмони Милал, бавижа бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии созмон барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором фаъолона ва пайгирона идома хоҳад дод», - таъкид кардааст дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Шамшод Ахтар баъд аз суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон оид ба натиҷаҳои ин мулоқот ибрози назар намуд. - Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти фарогир анҷом додем ва аз чунин як дидору суҳбат бо Ҷаноби Президент ифтихор дорам. Ман Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё  ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) - ро намояндагӣ мекунам, ки он пули иртибот ва тамос байни ҳукуматҳост. Дарёфту татбиқи василаҳои муваффақонаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор яке аз вазифаҳои меҳварии комиссияи мо мебошад, - гуфт хонум Шамшод Ахтар.
Ба гуфтаи ин меҳмони олимақом, дар мулоқот атрофи ҷамъбасти натиҷаҳои конфронси душанбегӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015», иқдоми навбатии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҷаласаи 10-уми Шӯрои Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар Душанбе, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои маҳсур дар хушкӣ табодули назар сурат гирифтааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2016    №: 26    Мутолиа карданд: 4940
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед