мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Гул дар Қасри Миллат
29 май дар Қасри Миллат мулоқоти хосаи Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул баргузор гашт.
Баррасии масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.
Аз пайвастагии муколамаи сиёсии миёни ду давлат, хусусан муколамаи сатҳи олӣ ва ҳамчунин аз афзоиши мубодилоти молу маҳсулоти Тоҷикистону Туркия, ки ҳаҷми умумии он ду сол боз аз 500 миллион доллари ИМА мегузарад, изҳори қаноатмандӣ шуд. Сарони ду давлат ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳанӯз хеле зиёданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ширкатҳои туристӣ, мубодилаи донишҷӯёну олимон ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ аз самтҳои афзалиятнок барои густариши минбаъдаи муносибатҳои судманди ду кишвар маънидод гардид.
Тарафҳо ҷонибдории худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва мусоидат ба барқарорсозии фазои сулҳу созиш ва пешрафти иқтисодиёти Афғонистон низ таъкид намуданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштироки сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул имзо гузоштанд.
Ду санади дигар - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба мутақобилан бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаи хизматӣ ва махсус ва Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2009-2010 мебошад.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул дар назди хабарнигорон аз натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ иттилоъ дода, аз ҷумла дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро умедбахш арзёбӣ намуданд.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистону Туркия нақшаҳои густурдаи ҳамкорӣ доранд ва баҳри татбиқи амалии онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла қарор шудааст, ки Туркия бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба Тоҷикистон дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва барои ворид шуданаш ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат кӯмак расонад.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул изҳор дошт, ки Туркияву Тоҷикистон чун шарикони боэътимод аз мавқеъ ва ташаббусҳои ҳамдигар дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ пуштибонӣ мекунанд.
Абдулло Гул ҳамчунин ба густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда, аз ҷумла иброз дошт:
-Мо медонем, ки дороии асосии Тоҷикистон об аст ва масоили вобаста ба об ва гидроэнергетика аз масъалаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия мебошад. Туркия омода аст дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва бузурги Тоҷикистон иштирок намояд.
Абдулло Гул ҳамчунин зикр кард, ки соҳибкорони кишварашро ба сармоягузории васеъ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ташвиқ мекунад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2055