logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент, 30 майи соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо дар ин толор ба ифтихори даҳумин солгарди яке аз сохторҳои муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон - Агентии назорати маводи нашъаовар, ки дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди хатари ҷиддии глобалӣ, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми арзанда дорад, ҷамъ омадаем. Бинобар ин, мехоҳам ҳамаи кормандони агентиро ба ин муносибат табрику таҳният гӯям.
Бояд таъкид кард, ки ташкили чунин як сохтори нави мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тақозои ҷиддии замон буд. Зеро Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофии худ дар яке аз роҳҳои интиқоли транзитии маводи нашъаовар қарор дорад ва қариб ду даҳсола инҷониб дар хати пеши мубориза бо ин таҳдиди ҷаҳони муосир нақши минтақаи буфериро иҷро карда истодааст.  Имрӯз густариши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба яке аз проблемаҳои ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба асосҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва саломатии инсоният таҳдид менамояд.
Дар миқёси сайёра миллионҳо одамон бар асари истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ азият мекашанд, садҳо ҳазор хонаводаҳо бадбахт мешаванд ва ҳазорон одамон, хусусан ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд. Гузашта аз ин, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои содир гардидани ҷиноятҳои зиёд, бахусус ҷиноятҳои трансмиллӣ ва густариши терроризму экстремизм заминаи мусоиди молиявӣ ба вуҷуд оварда, ҳоло боиси нигаронӣ ва изтироби башарият гардидааст.
Дар кишвари мо то нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи он чандон нигаронкунанда набуд. Зеро дар Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7 - 10 килограмм маводи нашъаовари навъи бангдона мусодира мешуд ва шумораи нашъамандони ба қайди диспансерӣ гирифташуда ҳамагӣ 930 нафарро ташкил мекард. Вале чанд сол баъдтар гурӯҳҳои ҷинояткори байналмилалӣ бо истифода аз вазъи нобасомони он солҳо ва суст гардидани низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ тадриҷан роҳҳои пинҳонии қочоқи маводи нашъаоварро аз кишвари ҳамсояи Афғонистон аз худ намуданд.    Аз ҳамон давра дар Тоҷикистон сатҳи ҷиноятҳои марбут ба интиқол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир рӯ ба афзоиш ниҳод ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат бори аввал соли 1993-юм 38 килограмм афюн ва соли 1996-ум нахустин маротиба 6 килограмм героин мусодира карданд.
Баробари афзоиши миқёси қочоқи мухаддирот Ҳукумати Тоҷикистон бо эҳсоси масъулият дар назди халқи кишвар ва тамоми башарият ба татбиқи чорабиниҳои маҷмӯӣ ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шурӯъ намуд. Аз ҷумла, соли 1994 дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ воҳидҳои мустақил ва махсуси мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ташкил карда шуд.
12 апрели соли 1996 Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» интишор ёфт, ки он ба муборизаи мақсаднок бо мухаддирот асос гузошт. Худи ҳамон сол бо қарорҳои Ҳукумат Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати воситаҳои нашъаовар таъсис ёфт ва Барномаи давлатии чорабиниҳои асосӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ барои солҳои 1996-1998 тасдиқ карда шуд. Ҳадафи асосии ин барнома пешбурди сиёсати давлат доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии маводи мухаддир, ташкили муборизаи мақсаднок бо муомилоти ғайриқонунии он, табобату офиятбахшии нашъамандон, инчунин таҳкими заминаҳои фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин самт буд.
Ҳамзамон бо ин, барои фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд; санадҳои қонунгузории кишвар бо асноди меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида, заминаи мубориза, пешгирӣ ва назорати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин табобати бемории нашъамандӣ дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ фароҳам оварда шуд.
Ҳоло заминаи қонунгузории дар Тоҷикистон ташкилшуда имкон медиҳад, ки проблемаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот, назорат аз болои гардиши онҳо ва пешгирии нашъамандӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда шаванд. Дар баробари ин, барои пурзӯр намудани мубориза бо маводи нашъаовар мо чанд сол қабл пешниҳод карда будем, ки дар Тоҷикистон идораи махсуси зидди мухаддирот таъсис дода шавад ва ин пешниҳод аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маъқул дониста шуд.
Сипас бо Фармони Президенти кишвар 1 июни соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бояд зикр кард, ки таъсиси идораи зидди мухаддирот дар Тоҷикистон нахустин барнома дар таҷрибаи Созмони Милали Муттаҳид буд. Барнома дар муддати бисёр кӯтоҳ таҳия карда шуда, татбиқи ҳамаҷонибаи он оғоз гардид.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба роҳбарият ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид, ки дар таъсиси идораи зидди мухаддиротии Тоҷикистон саҳми фаъол гирифтаанд, инчунин ба Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҳукуматҳои Ҷумҳурии Олмон, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва кишварҳои дигар барои кӯмакҳои беғаразонаашон ба агентӣ ва сохторҳои дахлдори Тоҷикистон миннатдории самимонаи худро иброз менамоям.
Имрӯз бе муболиға метавон изҳор намуд, ки таъсиси агентӣ барои ба андозаи бесобиқа афзоиш ёфтани мусодираи маводи мухаддир дар кишвар, аз нашъамандӣ эмин доштани миллионҳо нафар одамон дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва пешгирии ҷиноятҳои зиёди вобаста ба мухаддирот мусоидат намуд.
Чунончи, агар соли 1999 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 2570 килограмм маводи нашъаовар мусодира шуда бошад, пас соли 2000-ум ҳаҷми мусодираи он ба маротиб афзоиш ёфт ва зиёда аз 7 тоннаро ташкил кард.
Фаъолияти муваффақонаи Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон намунаи дурахшони ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.
Дар давраи фаъолияти худ агентӣ бевосита ва муштаракан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Афғонистон қариб 20 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 9 тонна дар дохили Тоҷикистон ва беш аз 10 тонна дар хориҷи он мусодира карда, фаъолияти ҷиноии 240 гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллобро қатъ намудааст.
Имрӯз, бо гузашти даҳ сол, бо итминони комил гуфта метавонем, ки мо дар самти мубориза бо хатари паҳншавии маводи мухаддир ҳамаи корҳои имконпазирро анҷом додем.
Вале ин ҳама корҳои бар зидди хатари муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир анҷомдодашуда моро ҳанӯз қонеъ карда наметавонанд. Зеро дар кори мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дар танҳоӣ ба натиҷаи дилхоҳ расидан ниҳоят мушкил аст. Бо дарназардошти ин, мо ҳамкории худро бо давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста густариш медиҳем.
Чунонки аз омори расмии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ бармеояд, танҳо соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ба 7700 тонна расида, 79 фоизи миқёси умумиҷаҳонии онро ташкил кардааст.
Ҳаҷми истеҳсол ва қочоқи мухаддирот махсусан баъди оғози амалиёти Коалитсияи мубориза бар зидди терроризм чандин баробар афзоиш ёфт ва ин раванд проблемаи моро боз ҳам мушкилтар сохт.
Вобаста ба ин ёдовар мешавам, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун намудҳои ниҳоят хатарноки ҷинояткорӣ эътироф шудаанд. Дар шароити минтақаи мо терроризм, экстремизм ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ зуҳуроти тавъам мебошанд.
Мо асли ин воқеиятро дар мисоли кишвари ҳамсояамон ба таври аёнӣ дида истодаем. Яъне дар минтақаҳое, ки вазъи сиёсиву низомӣ мураккаб аст ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ фаъол мебошанд, табиист, ки дар чунин шароит дар навбати аввал истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир бемайлон афзоиш меёбад.
Бо дарназардошти чунин вазъ, Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида дар самти таҳкими иқтидори моддиву техникии мақомоти ваколатдори мубориза бо мухаддирот як силсила тадбирҳои муассир андешид, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ба афзудани самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат намуданд.
Мақомоти салоҳиятдори кишвар вазифадор шудаанд, ки муборизаро бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар то ҳадди комилан решакан намудани он вусъат диҳанд.
Дар натиҷа дар тӯли нӯҳ соли гузашта ва чор моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 62 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 29 тонна героин мусодира шудааст.
Агар ин миқдор героин дастраси истеъмолкунандагон мегардид, метавонист зиёда аз 36 миллион нафар одамро гирифтори бемории нашъамандӣ гардонад.
Мувофиқи таҳлили коршиносони байналмилалӣ арзиши яклухти фақат героини дар ин давра дар Тоҷикистон мусодирашуда бо нархҳои бозори сиёҳи давлатҳои Аврупои Ғарбӣ беш аз як миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Махсусан баъди пурра таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик гузаштани минтақаи сарҳади давлатӣ  миёни Тоҷикистону Афғонистон ва густариши ҳамкорӣ дар байни сохтору мақомоти дахлдор ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Масалан, агар дар соли 2005 дар қаламрави Тоҷикистон 4 тонна маводи мухаддир мусодира шуда бошад, пас дар соли 2008-ум ин нишондиҳанда зиёда аз 6 тоннаро ташкил намуд.
Ҳамин тариқ, саҳми Тоҷикистон дар мусодираи маводи мухаддир дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил танҳо соли гузашта зиёда аз 40 фоизро ташкил кард.
Тамоюли мусбати дигар, ки солҳои охир мушоҳида мешавад, кам шудани ҳодисаҳои боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия бо гуноҳи даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии мухаддирот мебошад: аз соли 2000 то имрӯз шумораи онҳо 73 фоиз коҳиш ёфта, аз 1800 ба 460 нафар расидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари нашъамандӣ ба тандурустии аҳолӣ ва генофонди миллат дар баробари таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандон низ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Муносибати мо ба ин масъала маҷмӯӣ мебошад, ки он аз як тараф аз табобати беном, ихтиёрӣ ва маҷбурӣ дар дармонгоҳҳои наркологӣ иборат аст ва аз сӯи дигар расонидани кӯмакро аз ҷониби сохторҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ ба хоҳишмандони наҷот ёфтан аз ин бемории хатарнок дар бар мегирад.
Барои танзими ин масъалаҳо соли 2004-ум бо Фармони Президенти мамлакат Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии истеъмоли воситаҳои нашъаовар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори кишвар таъсис дода шуд.
Ҳоло чунин шӯроҳо дар назди тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амал менамоянд. Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба табобат, офиятбахшӣ ва ба қайд гирифтани ашхоси мубталои нашъамандӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кӯмаки наркологӣ» қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.
Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ шумораи нашъамандони ба қайди диспансерӣ гирифташуда дар соли 2008 8645 нафарро ташкил карда, шумораи онҳо дар муқоиса ба соли 2007 ҳамагӣ як фоиз зиёд шудааст.
Дар робита ба ин, мехостам ёдовар шавам, ки то ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳодисаҳои алоҳидаи истеъмоли мухаддироти навъи каннабис ва афюн мушоҳида мешуданд.
Аввалин ҳодисаҳои истеъмоли героин соли 1997 ба мушоҳида расида, худи ҳамон сол дар Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ 57 нафар бо ин ташхис ба қайд гирифта шуд.
Боиси нигаронист, ки қариб 80 фоизи нашъамандони ба қайд гирифташуда истеъмолкунандагони героин мебошанд ва як қисми онҳо ин маводро тавассути сӯзандору истеъмол менамоянд, ки чунин амал хатари сироят ёфтани онҳоро ба бемории камбуди масунияти бадан зиёд мекунад.
Дар чунин шароит яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ кардани нашъамандӣ - баланд бардоштани сатҳи корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ оид ба оқибатҳои фоҷиабори истеъмоли маводи мухаддир мебошад.
Аз ин рӯ, дар чорабиниҳои  пешгирикунанда бояд, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолона ширкат варзанд ва ин корро ҳамчун вазифаи муҳими худ ҳисоб намоянд.
Бо ин мақсад ҳоло Барномаи пешгирии нашъамандӣ ва такмил додани кӯмаки наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010 татбиқ шуда истодааст, ки дар натиҷаи он имсол бори нахуст дар тӯли 10 соли охир суръати афзоиши нашъамандӣ паст гардид.
Вале бо вуҷуди ин, таъкид бояд кард, ки корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ дар баъзе минтақаҳои мамлакат, бахусус дар байни аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳанӯз нокифоя мебошанд. Таблиғи тарзи ҳаёти солим, пешгирии нашъамандӣ ва ҷинояткории вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вазифаи фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот нест.
Дар ин кори хайр бояд пеш аз ҳама падару модарон, ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ки халқу ватани худро дӯст медорад ва нисбат ба тақдири ояндаи он бетафовут нест, инчунин онҳое, ки дар ҷомеа соҳиби нуфузу эътиборанд, аз ҷумла зиёиён, рӯҳониён ва пирони рӯзгордида саҳми худро гузоранд.
Ҳар сол дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бо мухаддирот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои таблиғотии густурда ташкил карда мешаванд, ки, бешубҳа, ба тарбияи зидди мухаддиротии аҳолӣ мусоидат менамоянд. Вале зарур аст, ки чунин чорабиниҳо на ҳамчун кори мавсимӣ, балки мунтазам гузаронида шаванд.
Илова бар ин, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани самаранокии  муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ масъалаҳои зеринро амалӣ кардан зарур аст:
Якум, сафарбар сохтани тамоми нерӯву имконоти сохторҳои дахлдори давлатӣ барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истеъмоли он то ҳадди решакан кардани ин вабои аср;
Дуюм, мустаҳкам намудани низоми байниидоравӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтору мақомоти ваколатдор дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба он;
Сеюм, таҳкими пояҳои моддиву техникии мақомоти ваколатдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ;
Чорум, тавсеаи ҳарчи бештари ҳамкориҳои байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар самти мубориза бо муомилот ва истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар, инчунин ширкати фаъолона дар татбиқи барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалии зидди мухаддирот;
Ва панҷум, такмили минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли маводи нашъаовар.
Дӯстони азиз!
Мехоҳам таъкид намоям, ки бар зидди паҳншавии маводи мухаддир, ки метавонад башариятро бо хатарҳои зиёд рӯ ба рӯ созад, ягон кишвари олам, сарфи назар аз иқтидору имконоташ, дар танҳоӣ муқобилият карда наметавонад.
Аз ин лиҳоз, ба андешаи мо, ташкили низоми бисёрзинаи ҳамкории байналмилалӣ яке аз шартҳои асосии муқовимати пурсамар ба муқобили ин таҳдиди муосири глобалӣ мебошад.
Тоҷикистон бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат бо маводи мухаддир ҳанӯз солҳои 1995-1996 ба конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи воситаҳои нашъаовар, доир ба моддаҳои психотропӣ ва оид ба мубориза бо воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ҳамроҳ гардида буд.
Илова бар ин, кишвари мо ҷиҳати таҳкими ҳамкории зидди мухаддирот 27 созишномаи байниҳукуматиро ба тасвиб расонида, дар доираи онҳо бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар фаъолона мубориза мебарад.
Мо ҳанӯз соли 1998 дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои мубориза бо маводи мухаддир дар бораи  мавқеи Тоҷикистон ва тадбирҳои дар самти мубориза бо маводи нашъаовар андешидаи он сухан ронда, пешниҳод карда будем, ки дар атрофи Афғонистон «ҳалқаи амният» таъсис дода шавад.
Инчунин, ба хотири тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ соли 1999 бори нахуст дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои мубориза бо маводи мухаддир баргузор гардид, ки дар ҷараёни он доир ба ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба истеҳсол, қочоқ ва паҳншавии мухаддирот дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳлилҳои ҷиддӣ сурат гирифтанд.
Илова бар ин, мо Консепсияи эътилофи ягонаи зидди мухаддиротиро таҳия ва тасдиқ карда, ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар сохторҳои минтақавӣ пешниҳод  намудем, ки ҳадафи он андешидани тадбирҳои муассир дар самти мубориза бо маводи мухаддир, ҳимояи марзи кишварҳо аз қочоқи он, расонидани кӯмакҳои башардӯстона ва бозсозиву таҷдиди иқтисодиёти Афғонистон буд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани мақсаду мароми эътилофи ягонаи зидди мухаддирот мо аз минбари иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ба ташкили ҳамкории глобалӣ дар самти муқовимат бо хатари мухаддирот даъват карда будем.
Қобили тазаккур аст, ки ин пешниҳоди Тоҷикистон дар феҳристи «Ташаббусҳои ниҳоят муҳими соли 2003 дар бахши таъмини сулҳу амният» ворид шуда буд, вале бо таассуф бояд гуфт, ки то ҳол ҷиҳати татбиқи пурраи он иқдомоти муассир сурат нагирифтаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳамчун қисми таркибии мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ҳисоб мекунад.
Мо ҳанӯз соли 1998, яъне чанд сол пеш аз ҳодисаҳои фоҷиабори  моҳи сентябри соли 2001 дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳаллу фасли проблемаи Афғонистон даъват намуда, аз хатари густариши терроризм, экстремизм ва экспансияи мухаддирот аз Афғонистон огоҳ карда будем.
Аз ҷумла,  соли 1999 дар нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои мухаддирот дар шаҳри Душанбе мо огоҳ карда будем, ки дурии сарҳадоти баъзе давлатҳо аз Афғонистон қаламрави онҳоро аз хатари паҳншавии терроризм ва маводи мухаддир эмин дошта наметавонад.
Терроризм набояд ҷудо аз зуҳуроти экстремизм, сепаратизм ва ҷиноятҳои вобаста ба мухаддирот баррасӣ карда шавад. Зеро истеҳсоли ғайриқонунӣ ва қочоқи мухаддирот яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва шабакаҳои ҷинояткори трансмиллӣ мебошад.
Як мисол меорам: ҳанӯз дар аввали солҳои 90 - уми асри XX фоидаи фурӯши солонаи мухаддирот дар дунё зиёда аз 500 миллиард доллар ё 8 фоизи ҳаҷми умумии тиҷорати байналмилалиро ташкил мекард.
Фоидаи софи нашъаҷаллобон дар ҷаҳон дар як ҳафта ба як миллиард доллар баробар буд ва 60 фоизи он барои вусъати индустрияи мухаддирот, маблағгузории терроризм ва  густариши коррупсия истифода мешуд.
Ҳоло ҳаҷми маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳосилшуда ба андозае бузург аст, ки ба иқтисодиёт ва гузашта аз ин, ба амнияти аксарияти кишварҳо таҳдид мекунад. Имрӯз ҳаҷми фоидаи солонаи тиҷорати маводи нашъаовар дар ҷаҳон баъди тиҷорати аслиҳа мақоми дуюмро ишғол менамояд.
Бо дарназардошти ин тамоюлҳо ва вазъи вобаста ба мухаддирот дар минтақа мо ба масъалаи таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса дорем.
Соли 2005 дар байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо созишнома ба имзо расида буд.
Дар асоси он танҳо дар давоми ду соли охир дар натиҷаи ҳамкории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон 88 амалиёт гузаронида дар натиҷаи онҳо қочоқи 6 тонна маводи мухаддир ба қаламрави давлати мо пешгирӣ карда шуд.
Илова бар ин, миқдори зиёди силоҳ, муҳимот ва маводи тарканда мусодира гардида, 18 лабораторияи истеҳсолкунандаи героин, 160 гектар киштзори афюн нобуд карда шуд ва зиёда аз 100 нафар шаҳрванд, ки бо қочоқи мухаддирот ба Тоҷикистон машғул буд, боздошт шуд.
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо бо мақсади ошкору қатъ намудани роҳҳои интиқоли қочоқии маводи нашъаовар ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси кишварҳои дигар аҳамияти калон дода мешавад.
Сохтору мақомоти ваколатдори мо ширкаткунандагони фаъоли тамоми амалиёти минтақавӣ ва байналмалалӣ бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии мухаддирот мебошанд.
Аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз соли 2003 дар амалиёти ҳарсолаи байналмилалии оперативӣ-профилактикии «Канал» фаъолона ширкат мекунанд.
Тибқи маълумоти Ситоди байналмилалии амалиёти «Канал-2008» дар ҳудуди давлатҳои аъзои Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 2 тонна маводи афюн мусодира карда шудааст, ки  аз ҷумлаи он  49 фоиз героин ва 35 фоиз афюн саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи чунин амалиёт танҳо соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон зиёда аз 2 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд.
Хотирнишон бояд кард, ки барои истеҳсоли героин миқдори зиёди прекурсорҳо зарур аст, ки дар Афғонистон истеҳсол намегардад ва ғайриқонунӣ ба қаламрави он ворид карда мешавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намоям, ки барои ҳалли муваффақонаи проблемаҳои вобаста ба маводи мухаддир дар Афғонистон, дар баробари дигар чораҳои зарурӣ доир ба назорати қатъӣ аз болои воридоти прекурсорҳо ба ин кишвар чораҳои дастаҷамъонаи муассир андешанд.
Тоҷикистон омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ муборизаро бар зидди ин зуҳуроти фоҷиабор минбаъд низ густариш диҳад. Мо барои вусъати ҳамкорӣ дар ин самт низ тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқиро фароҳам овардаем.
Дар кишвари мо аз соли 1999 то имрӯз татбиқи зиёда аз 20 лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ доир ба мубориза бо мухаддирот пешбинӣ шуда буд, ки аз онҳо 14 лоиҳа аллакай муваффақона анҷом ёфтааст.
Махсусан татбиқи лоиҳаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат натиҷаи нек ва самараи дилхоҳ доданд ва мо омода ҳастем, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳоро дар сатҳу сифати баландтар идома бахшем. 
Дар айни замон дар Тоҷикистон татбиқи 5 лоиҳа идома дорад, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани таҷрибаи корӣ ва маҳорати касбии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, бунёди Академияи Қӯшунҳои сарҳадӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташкили Маркази таълимӣ оид ба омода кардани сарҳадбонон, таҷҳизонидани гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар нуқтаҳои назоратӣ, харидории воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти махсус мебошад.
Мо итминон дорем, ки татбиқи ин лоиҳаҳо ба таҳкими боз ҳам беҳтари заминаҳои моддиву техникӣ ва кадрии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мусоидат хоҳад кард.
Вале бори дигар хотирнишон месозам, ки бо вуҷуди як силсила пешравиҳо проблемаи ҷалбшавии қисми муайяни аҳолӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва вазъи нашъамандӣ дар кишвар ҳоло ҳам ташвишовар аст.
Дар шароити кунунӣ вазифаи афзалиятноки тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Хадамоти гумрук муборизаи ҳадафманду мунтазам бо гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллие мебошад, ки бо қочоқи маводи  мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ва интиқоли  ғайриқонунии он ба кишварҳои хориҷӣ машғул ҳастанд.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар дар самти ошкор намудан, безарар гардонидан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани нашъаҷаллобон ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.
Аз ҷумла, муайян намудани сарчашмаҳо ва роҳҳои интиқоли маводи мухаддир, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба нашъаҷаллобиву нашъамандӣ беҳбудӣ ва муносибати боз ҳам ҷиддитарро тақозо дорад.
Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани нашъаҷаллобон ва интиқолдиҳандагони маводи мухаддир ҳанӯз роҳи ҳалли масъала нест: корҳоро доир ба ошкор кардан ва боздошти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва шабакаҳои трансмиллии онҳо, инчунин қатъи фаъолияти онҳо пурзӯр бояд кард.
Дар баробари ин, бо истифода аз ҳузури меҳмонони арҷманд – намояндагони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон изҳор медорам, ки бо вуҷуди кӯшишу талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон, мусоидати кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир то ба ҳол мушкилоти зиёд мавҷуданд.
Аз ин лиҳоз, аз намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки  дар ин маҷлис ҳузур доранд, даъват мекунем, ки кӯмаку ҳамкории худро дар самти таҳкими иқтидори техникӣ ва кадрии мақомоти мутасаддии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолтар намоянд.
Кӯмаку дастгириҳои шумо аллакай натиҷаҳои хуб дода истодаанд ва мо итминон дорем, ки дар сурати фаъол шудани онҳо натиҷаҳои мо низ дучанд хоҳанд шуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳар як ҳодисаи дар хориҷи кишвар боздошт шудани шаҳрвандони мо барои содир намудани ҷинояти вобаста ба мухаддирот ба шаъни мардуми тоҷик ва эътибори кишварамон доғ меорад ва ҷиҳати барангехтани васвасаҳои зиддитоҷикӣ истифода мешавад.
Дар робита ба ин, мехоҳам ба ташкилкунандагони чунин ҳангомаҳои ғаразнок изҳор намоям, ки мухаддирот ва тиҷорати он бо арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва эътиқодоти мазҳабии халқи мо қатъиян мухолиф аст.
Аксарияти мутлақи ҳамватанони мо нисбат ба мухаддирот нафрат доранд ва аз ҳисоби даромади маводи мухаддир, яъне бадбахтии дигарон зиндагӣ карданро гуноҳи бузург медонанд. Дигар ин, ки даст задан ба муомилоти ғайриқонунии мухаддирот ҷиноят аст ва чунонки борҳо изҳор доштаам, ҷинояткор миллату мазҳаб надорад.
Бинобар ин, ба мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат, бахусус Агентии назорати маводи нашъаовар бори дигар супориш дода мешавад, ки дар хусуси ошкор ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар, яъне ҳимояи номи неки миллати тоҷик чораҳои қатъии иловагӣ андешанд.
Илова бар ин, бо мақсади бартараф кардани камбудиву мушкилоти дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷойдошта ба Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоту сохторҳои  дахлдор ва пеш аз ҳама ба Агентии назорати маводи нашъаовар зарур аст, ки вазифаҳои зеринро амалӣ намоянд:
1. Андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткории трансмиллӣ, роҳҳои пинҳонии воридоту содироти маводи мухаддир аз тариқи сарҳади давлатӣ ва интиқоли он тавассути нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ  ва автомобилӣ дар дохили кишвар ва инчунин ба хориҷи он;
2. Таҳкими минбаъдаи иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон, ки бо назорати мухаддирот машғул мебошанд ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани нуқтаҳои назоративу гумрукӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар;
3. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани таълим ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ташкил намудани Маркази махсуси таълимӣ ва дар заминаи Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар таъсис додани Маркази миллии кинологӣ;
4. Тавсеаи ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат, инчунин дигар мақомоти ваколатдори Тоҷикистон бо сохтору марказҳои кишварҳои хориҷӣ ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативию ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ошкор ва қатъ кардани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор вобаста ба қочоқ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир;
5.   Бо истифодаи васеъ аз имкониятҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио, бо ҷалби ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ходимони дин ташкил кардан ва ба таври мунтазам гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда, инчунин корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар;
6.  Такмили шаклу усулҳои табобати бемории нашъамандӣ, таъмин намудани муассисаҳои наркологӣ бо воситаҳои зарурии моддиву техникӣ, доруворӣ ва мутахассисони касбӣ, инчунин таъсис додани марказҳои нави муолиҷавӣ.
Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои коҳиш додани ҳаҷми истеҳсоли маводи мухаддир таҳия ва мавриди татбиқ қарор додани барномаи рушди алтернативии соҳаи кишоварзӣ ва бозсозии иқтисодиёти Афғонистон, инчунин андешидани чораҳои дастаҷамъона доир ба фароҳам овардани ҷойҳои кории доимӣ ва бо ҳамин роҳ ҳал кардани мушкилоти иҷтимоии мардуми он мебошад.
Таъкид месозам, ки ҳарчанд масъалаи мазкур борҳо дар сатҳҳои мухталифи созмонҳои бонуфуз муҳокима гардид, вале тадбирҳои ҷиҳати татбиқи он андешидашуда то ҳанӯз  чандон таъсирбахш нестанд.
Бо дарназардошти ин нукта,  пешниҳод менамоям, ки то соли 2010 таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид Барномаи ягонаи мубориза бар зидди муомилоти маводи мухаддир таҳия шуда, бо иштироки давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ Конфронси байналмилалӣ баргузор гардад ва соли 2011-ум Соли байналмилалии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир эълон карда шавад.
Тоҷикистон аз ҷониби худ омода аст, ки илова ба андешидани чораҳои қатъии мубориза бар зидди маводи мухаддир ширкаткунандагони конфронси пешниҳодшударо дар пойтахти худ – шаҳри Душанбе пазироӣ намояд.
Итминони комил дорам, ки чорабинии дирӯзаи бо иштироки меҳмонони арҷманд доиршуда ва ҷаласаи имрӯза барои таҳкими муқовимат бо маводи мухаддир такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Шубҳае нест, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ аз ӯҳдаи вазифаҳои базиммадоштаашон сарбаландона мебароянд ва барои ҳифзи манфиатҳои давлативу таъмини амнияти миллӣ хизмати содиқона менамоянд.
Бори дигар ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро ба муносибати 10-солагии таъсисёбии аввалин ниҳоди мубориза бар зидди маводи мухаддир самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тандурустӣ, саодати рӯзгор, иродаи қавӣ ва дар адои хизмати пурмасъулиятатон барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3430
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед